Наздикон озодии қазоқтаборонро дар Шинҷони Чин талаб доранд 

Ҳашт тан аз наздикони қазоқтаборони Шинҷони Чин рӯзи 9 феврал дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷамъ омада, озодии қазоқтаборонро талаб карданд.

Ҷамъшудаҳои пушти дари консулгарии Чин гуфтанд, наздикони онҳо (шавҳарон, фарзандон, бародарон) “бидуни асосе” дар Чин ба зиндон маҳкум шудаанд. Бархеи дигар гуфтанд, мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои наздиконашонро гирифта, ба онҳо иҷозаи аз кишвар хориҷ шуданро намедиҳанд.

“Кӯдакон бе падар мондаанд, занҳо бе шавҳар. Шавҳарон бе ҳамсар. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, “бо Чин дӯста ҳастанд”. Чаро онҳо мушкилии моро бо “дӯстон”-и худ ҳал намекунанд? Чаро шароити ба ҳам омадани хонаводаҳоро фароҳам намеоранд? Чин бояд сиёсати наслкушии худро қатъ кунад!”- гуфтанд ҷамъшудаҳои пушти дари консулгарии Чин дар Алматои Қазоқистон.

Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки дар Шинҷон 1 миллион уйғурҳо ва мусалмонҳои дигар дар “қароргоҳҳои зиддиифротгароӣ” нигаҳдорӣ мешаванд. СММ инчунин мегӯяд, як миллион аҳолии дигар маҷбуран ба “марказҳои бозтарбия” андохта шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, тахминан 2 миллион уйғурҳову намояндагони дигари қавму миллатҳои бумии Шинҷон ба муассисаҳои бо номи “марказҳои бозтарбия” дар қаламрави ин вилоят бурда шудаанд.

Чин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо “марказҳои тарбиявӣ” буда, барои аз терроризму ифротгароӣ поккорӣ шудани инсонҳо ва ба ҷомеаи маҳаллӣ мутобиқ кардани онҳо амал мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.