Наздикони Иззат Амон: Ҳаҷми қарзи шубҳаовар то 1 миллион рубл расидааст

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, афроде, ки иддао доранд, ки гӯё ин фаъоли муҳоҷирон аз онҳо пул қарз гирифта барнагардондааст, ба 7 нафар расид.  Писари ӯ Муҳаммадюсуф Холов рӯзи 21-уми апрел  ба радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир маблағи қарзи даъвоӣ баробар ба 1 миллион рубли русиро ташкил медиҳад. Пайвандони фаъоли муҳоҷирон ба дурустии иддаоҳои онҳо шубҳа доранд.

 Бархе аз даъвогарон ба тафтишот  гуфтаанд, ки гӯё Иззат Амон дар солҳои 2014 ва 2015 аз онҳо маблағ дарёфт кардаву то ҳанӯз напардохтааст. Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, афроде, ки даъвои маблағ мекунанд, бо навиштани ариза иктифо кардаанд ва дар суҳбатҳои рӯбарӯ, ки  тафтишот таъин мекунад, ҳозир намешавад. Иззат Амон рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд ва пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  аз боздошти ӯ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ин модда  ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.  Ҷараёни тафтишот ва мунсифона барпо шудани он зери суол аст, чунки аз замони нопадидшавии мармузу дар Душанбе пайдо шудани ин ҳомии ҳуқуқи соҳиби шаҳрвандии Русия ношаффоф гузаштааст.  

Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд. Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошту иттиҳоми шабҳаовари Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳои ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.