Неруҳои Русияву Сурия ба шимолу шарқи Палмир ҳамла карданд

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, рӯзи душанбе ба “пойгоҳи террористон” дар шимолу шарқи Палмири Сурия ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Ба навиштаи хабаргузории Arabnews, неруҳои низомиву кайҳонии Русия, баъди тасдиқи иттилоъ дар бораи ҷойгиршавии ин нерӯҳо, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода, наздики 200 ҷангҷӯро куштаанд.

Ба иттилои Маркази сулҳофаринӣ миёни тарафҳои даргир ва назорати кӯчидани фирориён дар Сурия, дар шимолу шарқи Палмир ҷангҷӯён пойгоҳи махфие бунёд мекарданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия баҳори соли 2011 аз даргирии шаҳрвандӣ шуруъ шуд ва ба шуриш зидди низоми Башор Асад печид. Баъдтар ба ин ҷанг кишварҳои муҳими минтақа, созмонҳои байналхалқӣ, гуруҳҳои низомиву сиёсӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ шомил шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.