New York Times: Трамп солҳои 2016 ва 2017  дар ҳаҷми 750 доллар андоз пардохтааст

Дар як таҳқиқоти ногаҳонии нашрияи бонуфузи New York Times гуфта мешавад, ки президенти ИМА Доналд Трамп соли 2016, замоне, ки  дар интихобот пирӯз шуд, ба ҳайси андози федеролӣ ба давлат 750 доллар супурдааст. Айни ҳамин миқдор пулро ӯ соли 2017 ҳам дода ва дар давоми 15 соли аз ин пеш тӯли 10 солаш аслан андози федеролиро пардохт накардааст.  Дар нишасти матбуотие, ки баъди нашри ин гузориш барпо шуд, Трамп ин таҳқиқотро ҳамчун “хабари дурӯғин” рад кард. Ӯ нагуфт, ки чӣ миқдор пулро ба ҳайси андоз пардохт кардааст ва бар иваз гапи пешинаашро такрор кард, ки ӯ ин иттилоъро ба он хотир фош намекунад, ки масъалаи бозгардори андозҳояшро оҷонсии андози давлатии Амрико (IRS) таҳқиқ мекунад. Ӯ гуфт, “IRS бо ман муносибати хуб надорад” ва афзуд, ки ин маълумот баъди анҷоми таҳқиқ фош мешавад.

Ҳуқуқшиноси “Созмони Трамп” Алан Гартен дар сӯҳбат бо нашрияи Times гуфт, ки “аксари маълумот, агар ҳамааш набошад, саҳҳеҳ нест”.

Трамп танҳо президенти даврони охири ИМА аст, ки андозсупории худро фош намекунад ва бо онҳое, ки дар талоши даст ёфтан ба ин маълумот будаанд, вориди баҳси додгоҳӣ шудааст. Гузориши ахир ба обрӯи Трамп ҷиддан латма мезанад, чун то ҳол ӯ талош кардааст худро ҳамчун як шаҳрванди ватандӯст ва соҳибкори муваффақи миллиардер муаррифӣ кунад. Таҳқиқоти журналистӣ ошкор кардааст, ки дар бахши “моликияти ғайриманқул мушкилоти зиёд буда, пулҳои хеле калон хат зада мешуданд, бо аудит баҳсҳои зиёд  ва садҳо миллион қарз вуҷуд дошт”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.