Нигарониҳо аз  эҳтимоли “эътирозҳои мусаллаҳона” дар остонаи савгандёдкунии Байден

FBI – Бюрои федеролии таҳқиқот аз эҳтимоли дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ  сар задани “эътирозҳои мусаллаҳона” дар саросари кишвар огаҳ кард. Дар як бюллетени ин оҷонсӣ, ки рӯзи 11-уми январ дастраси матбуот шуд, омадааст, ки дар 50 аёлат ва ҳам назди бинои Капитол “эътирозҳои мусаллаҳона” пешбинӣ шудааст. Дар аксар иёлоти ИМА, ба истиснони пойтахт – шаҳри Вашингтон ошкоро нигаҳ доштани силоҳ қонунӣ ҳисоб мешавад. Огаҳӣ аз  эътирозҳои сартосарии эҳтимолӣ, ки  таърихи 16 то 20-уми январро фаро мегиранд, дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта издиҳоми хушунатомез ба бинои Капитол ҳамла кард. Дар ин ҳодисаҳо, ки баъди  иттиҳоми беасоси  президент ИМА Доналд Трамп дар бораи тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ сар зад, панҷ нафар кушта шуд. FBI инчунин гуфтааст, ки дар бораи даъвати гурӯҳе ба ҳамлаи  биноҳои ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва додгоҳҳо хабар дарёфт кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод, таҳдиди ҳамла дар сурате будааст, ки агар президент Трамп пеш аз анҷоми мӯҳлаташ аз мақомаш барканор шавад. ABC News ва CNN инчунин гуфтанд, ки ин гурӯҳ ба ҳамлаи биноҳои ҳукуматӣ дар рӯзи савгандёдкунии Байден таҳдид кардааст. Дар паи хушунатҳои ҳафтаи гузашта мақомоти бисёр иёлот дар Амрико тадбирҳои амниятиро шадидтар кардаанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.