Нигаронии САҲА аз сарнавишти хабарнигорони Радиои Озодӣ

Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои озодии баён, аз сарнавишти хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Ҳоло 5 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз шаш моҳ то ду сол боз аз ҳаққи кор маҳруманд ва якуми ноябр шояд охирин рӯзи кории 9 нафари дигар шавад. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба номаҳои пайваста дар бораи додани иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надодааст.

Дар изҳороти Ҳарлем Дезир, масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои озодии баён аз рӯзи 23-юми октябр аз ҷумла омадааст, “ман аз мушкилоти идомадори кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон дар робита ба дарёфти иҷозатномаи кор, нигарон ҳастам”. Оқои Дезир аз мақомоти тоҷик даъват кардааст, ки ҳар чӣ зудтар роҳҳи ҳалле пайдо кунанд. 

Аз ин пеш шуморе аз созмони рӯзноманигории Тоҷикистон низ бо нашри баёнияе аз мушкили сабтиноми хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Чанд намояндаи Конгресси Амрико ҳам аз вазъияти пешомада шадидан нигаронӣ карда, дар номае ба президенти Тоҷикистон гуфта буданд, “идома ёфтани чунин вазъият эҳтимол ба муносибатҳои Амрико ва Тоҷикистон осеб расонад ва ба обрӯи Тоҷикистон латма занад”.

Бори аввал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боис ба нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.