Никол Пашинян нақшаи роҳ барои берун бурдани Арманистон аз буҳронро муаррифӣ кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян нақшаи ба эътидол овардани вазъи бӯҳронии Арманистонро пас аз хатми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ пешниҳод кард. 
  • Ин нақшаро ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст.
  •  Никол Пашинян тасмим гирифтааст, ки  ба хотири хидмат ба нафъи кишвар  нақшаи раҳоӣ аз бӯҳронро тарҳрезӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ барои амалӣ шудани ин нақша шаш моҳ лозим аст ва дар моҳи июни соли 2021 ният дорад, ки аз натоиҷи он ҳисобот диҳад.
  • Пашинян худро барои  вазъи баамаломада “масъули дараҷаи як” номид. “Вақти он расидааст, ки дар бораи роҳҳо, усулҳо ва барномаҳои рафъи вазъи кунунӣ сӯҳбат кунем” – навиштааст Сарвазир.
  • Бинобар ин, ӯ пешниҳод кард, ки  ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳро анҷом дода шавад, раванди гуфтушунидҳо дар бораи Қарабоғро бо иштироки САҲА барқарор гардад ва гурезагони Қарабоғи Кӯҳӣ ба хонаҳояшон баргардонида шаванд.
  • Барномаҳои Пашинян инчунин бозгашти низомиёни асир, таъмини кафолати иҷтимоӣ ба оилаҳои сарбозон ва шаҳрвандони ҳалокшуда ва кӯмак ба низомиёни маҷрӯҳро дар бар мегиранд.
  • Сарвазири Арманистон мехоҳад дар бораи мусодираи амволи ғайриқонунӣ бадастомада қонун қабул кунад ва Кодекси интихоботро ислоҳ кунад. Ӯ ҳамчунин тадбирҳоеро барои бартараф кардани бемории КОВИД-19 ва оқибатҳои он ба нақша гирифтааст.
  • Пашинян ваъда дод, ки дар бораи иҷрои ҳар як банди барнома дар шаш моҳ, яъне дар моҳи июни соли 2021 ҳисобот диҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати ӯ талаби истеъфои ӯро мекунанду расонаҳои ҳукуматии Русия ба онҳо минбар медиҳанд.
  • Ёдовар мешавем, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон мухолифин дар Арманистон даст ба эътироз задаанд. Онҳо Сарвазир Никол Пашинянро сабабгори шикасти нирӯҳои низомии Арманистон дар низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ дониста, истеъфои ӯро тақозо намуданд.

The post Никол Пашинян нақшаи роҳ барои берун бурдани Арманистон аз буҳронро муаррифӣ кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.