Нимаи дуюми моҳи август шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад

То 1 апрели соли 2022 шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, то 1 январи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 9 млн 890,9 ҳазор нафар баробар буд. Агар афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, аллакай нимаи дуюми моҳи августи ҳамин сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад.

Манбаъ: Asiaplustj.info

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.