Низомиёни исроилӣ аз анҷоми як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ гузориш доданд

Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки субҳи 17-уми май ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар як силсила ҳадафҳоро дар Навори Ғазза зарба заданд ва дар натиҷа, 15 км туннел ё роҳҳои зеризаминии ҷангиён ва ҳам манзили нӯҳ фармондеҳи эҳтимолии Ҳамосро хароб карданд. Сокинони як бинои сетабақа дар Ғазза, ки хеле осеб дидааст, гуфтанд, даҳ дақиқа пеш аз ҳамла низомиёни исроилӣ онҳоро хабар карданд ва аз ин хотир ҳама аз хонаҳо берун шуда буданд. Дар робита бо зарбаҳои ҳавоии ахир феълан ҳаҷми хисорот гуфта нашудааст, вале хабарҳо аз қатъ шудани барқ ва хароб шудани садҳо бино мерасад. Низомиён гуфтанд, ки дар амалиёти ахир 35 “макони террористӣ”, аз ҷумла, тунелҳои ҷангиён  ҳадаф қарор гирифтанд. Ин тунелҳоро “метро” ҳам меноманд ва онҳо барои эмин мондан аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода мешаванд.

Онҳо мегӯянд, ки ҷангиён шабонгоҳ тахминан 60 мушакро ба сӯи шаҳрҳои исроилӣ партоб карданд. Ин шумор дар қиёс бо ду шаби гузашта, ки 120 ва 200 адад мушак истифода шуд, камтар мебошад. Мавҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ рӯзи 16-уми  май беш аз 90 ҳадафро дар ин минтақаи соҳилӣ осеб расонд. Ин ҳафтаи дуюми низоъҳо мебошад. Вазорати беҳдошт гуфт, ки дар яке аз ин ҳамлаҳо 42 фаластинии сокини Ғазза, аз ҷумла 8 кӯдак ва ду табиб кушта шуданд ва ин пурқурбонитарин ҳодисаи  бомбаборонҳои ахир мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.