Низомиёни покистонӣ гуфтанд, як “фармондеҳи террористон”-ро куштанд

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки як фармондеҳи террористон ва се ҷангҷӯи дигарро дар шимолуғарби ин кишвар нобуд карданд. Бобур Ифтихор, як  сухангӯи артиши Покистон гуфт, ки дар маҳаллаи Ғариоми минтақаи Шакту, ки дар қаламрави наздик ба  Вазиристони Шимоливу Ҷанубӣ ҷойгир аст, “як фармондеҳи террористон – Эҳсонуллоҳро ҳамроҳ бо се террористи дигар куштанд”. Эҳсонуллоҳ бо исми Эҳсон Санрой ҳам маъруф буд ва ӯро тарҳрези чандин ҳамлаҳои террористии вақтҳои охир дар минтақаи Шакту меноманд.  Низомиёни покистонӣ иддао мекунанд, дар паи маъракаи азими зидди террористон, ки соли 2014 шурӯъ шуд,  Вазиристони Шимолиро аз “Таҳрики Толибон” ваё Толибони Покистон пок кардаанд, вале ин минтақа ҳамоно саҳнаи ҳамлаҳои афзояндаи нирӯҳои амниятиву кушторҳои ҳадафмандонаи афроди мулкӣ боқӣ мемонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.