Нодида гирифтани ҳуқуқи инсон аз ҷониби хабаргузории “Спутник” ва ВКД-и Тоҷикистон

  • Манбаъ: “Спутник”
  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия

Маводи таҳқиқшаванда

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як келини хонадон хабар медиҳад, ки дар дуздии пулҳои падаршавҳараш муттаҳам мешавад

MediaMarker

“Спутник” бо нашри як матлаб аз боздошти як бонуи 21-сола бо гумони дуздии 60 ҳазор доллари ИМА дар Кӯлоб иттилоъ медиҳад. МедиаМаркер мавриди ростимозоӣ қарор дода, маълум кард, ки:

  •  Манбаъи хабар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки ҳарчанд манбаъи расмӣ мебошад, аммо дар паҳн кардани инчунин иттилоъ бо аҳдофи таблиғотӣ манфиатдор аст. Бознашри инчунин матолиб бидуни таҳқиқ зидди усули ҳақиқатнигории рӯзноманигорӣ мебошад.
  • Вазорати корҳои дохилӣ ва “Спутник” талаботи Қонунӣ асосӣ ё Конститутсияи Тоҷикистонро дағалона поймол карда, эҳтимоли бегуноҳии гумонбаршуда А.М.-ро нодида гирифтаанд. Ин ду ниҳод то оғози мурофиаи додгоҳӣ шаҳрванди комилҳуқуқро ба дуздӣ муттаҳам кардаанд, ки кирдори ғайриқонунӣ мебошад.
  • “Спутник” хабарро аз барномаи телевизиони ВКД гирифта, онро бо сарлавҳаи шурангези “Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид” нашр кардааст, ки сӯистифода аз озодии баён мебошад. Дар он ҳамчунин сухан аз тахмину гумон меравад, на факт.
  • Ҳодиса моҳи майи соли ҷорӣ  рух дода, сабаби баъди 5 моҳ нашр кардани он маълум нест.
  • “Спутник” боздоштшударо “муттаҳам” ва “ғоратгар” донистааст, ҳол он ки ровии барномаи ВКД аз шаҳрванд А.М. ду бор гумонбаршуда ном бурдааст.
  •  Нашри аксу навори гумонбаршудаҳо то эълони ҳукми додгоҳ ва бидуни иҷозаи онҳо амали ғайриқонунӣ буда, моҳиятан паст задани шаъну шарафи инсон аст, ки зидди талаботи моддаи 29 Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 7  “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Фош кардани маълумоти ба даст овардаи тафтишот дар ВАО то оғози мурофиа ҳамчунин амали ғайриқонунӣ аст. Ин гуна амал метавонад ба қабули қарори судӣ ё ҳукм бетаъсир набошад.
  • “Спутник” матлабро яктарафа таҳия карда, назари намояндаи қонунии гумонбаршударо дарҷ накардааст, ки бархилофи талаботи банди 2-и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Бо назардошти нуктаҳои боло хабари “Спутник” ва пораи зирабти барномаи ВКД беэътимод дониста мешавад. Асли ин қазия метавонад комилан дигар бошад.
  • Бо истифода аз фурсат мо аз раҳбарияти ВКД Тоҷикистон даъват мекунем, ки поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистонро зимни таҳияи  гузоришу барномаҳо таҷриба накунанд.
  • Ҷиҳати риояи адолат МедиаМаркер омодааст, ки назари гумонбаршуда ё намояндаи қонунии ӯро ба барномаи ВКД ва хабаргузории “Спутник” ба нашр расонад.

The post Нодида гирифтани ҳуқуқи инсон аз ҷониби хабаргузории “Спутник” ва ВКД-и Тоҷикистон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.