Нодида гирифтани эҳтимолияти бегуноҳӣ дар хабари “Фараж” ва Агентии мубориза бо фасод

  • Манобеи молӣ: Ҳисоботи молӣ нашр намекунад

Маводи таҳқиқшаванда

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як корманди ҳукумати шаҳри Бохтарро барои гирифтани пора дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ боздошт кардааст.

MediaMarker

Нашрияи “Фараж” дар ин матлаб аз боздошти корманди ҳукумати шаҳри Бохтар барои гирифтани пора дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд А.А. барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояш ба сафари ҳаҷ иттилоъ додааст. МедиаМаркер ин хабарро аз ғалбери ростиозмоӣ гузаронид.

 

  •  Нахустмабаъи хабар сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад, ки мақоми расмӣ аст, вале бо дарҷи ному насаби гумонбаршуда эҳтимолияти бегуноҳиро, ки Қонуни асосии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нодида гирифтааст.
  • Агентии мазкур зери раҳбарии Сулаймон Султонзода (дар акс), зиёд ба ҳамин гуна қонуншиканӣ роҳ медиҳад, аммо назорати прокурорӣ дар Тоҷикистон ба ингуна амалҳои раҳбарияти Агентӣ баҳои ҳуқуқӣ намедиҳад.
  • Дар матлаби “Фараж” низ ному насаби гумонбаршуда ва эҳтимоли бегуноҳии ӯ сарфи назар шудааст, ки бархилофи талаботи банди 8 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Сарлавҳаи матлаб воҳимаангез ва беасос буда, барои ҷалби хонанда аз ибораи “қаллобе аз ҳукумати шаҳри Бохтар” истифода шудааст, ки моҳиятан кликбейт асту шеваи сӯистифода аз озодии баён.
  • Матлаб якҷониба таҳия шуда, дар он назари гумонбаршуда ва ё намояндаи қонунии ӯ оварда нашудааст, ки ин бархилофи талаботи банди 2 ” Меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар Тоҷикистон” аст.
  • Дар ин матлаб шаъну шарафи гумонбаршуда паст зада шуда, “қаллоб” ном бурда шудааст, ки ин хилофи талаботи моддаи 29 Қонуни ҶТ” Оид ба матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 7 ” Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Қаллоб будан ё набудани гумонбаронро дар чунин мавридҳо танҳо додгоҳ муайян мекунад, на мақомоти дигари давлатӣ ва на расонаҳои хабарӣ.
  • Бо назардошти нуктаҳои боло ба матлаб нишони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ риоя нашудаанд” зада шуд.

The post Нодида гирифтани эҳтимолияти бегуноҳӣ дар хабари “Фараж” ва Агентии мубориза бо фасод appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.