Ногуфтаҳои муҳимми хабари сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Ин сафар барои худи ӯ ва ҷониби мизбон хеле муҳимм ба назар мерасад. 

  • Дар бораи ин сафар АМИТ «Ховар» дар такя ба сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар додааст.
  • Ба иттилоъи манбаъ, зимни ин сафар Шералӣ Мирзо “бо роҳбарони сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот намуда, доираи васеи масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористиро баррасӣ менамояд”.
  • “Ховар” бо хабари кутоҳи расмӣ иктифо карда, муносиботи мураккаби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро бо Эрон баррасӣ накардааст, аммо ба иттилоъи манобеъи огоҳи МедиаМаркер ҳадафи аслии ин  сафар водор кардани мақомоти Эрон ба иҷрои тавофуқҳои ахири миёни ду кишвар мебошад.
  • Ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки Эрон тибқи тавофуқи дуҷониба аз 1 -уми июни соли 2019, ки зимни сафари раиси КДАМ ба Теҳрон имзо шуда буду сипас вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ду кишвар зери он имзо гузоштанд, мавзеъгирияшро дар мавриди ҲНИТ тағйир дода, даҳҳо тан сиёсиёну хешовандони наздики онҳо ва ва ҳудуди 380 тан аз омӯзгорону донишҷӯёни тоҷик аз Эрон хориҷ мекунанд.
  • Барои ҷониби Эрон ва худи шахси Шералӣ Мирзо низ ин сафар аҳамияти хоса доранд, зеро мақомоти эронӣ медонанд, ки Шералӣ Мирзо аз афроди наздик ба генерали дар ҳаводиси сентябри соли 2015 кушташуда Абдуҳалим Назарзода маҳсуб ёфта, охирин мақомдори давлатӣ низ ҳаст, ки бо Назарзода баъди фирори ӯ ба дараи Ромит гуфтугӯ доштааст.
  • Мақомоти Эрон мехоҳанд бидонанд, ки чӣ тавр ду бародари Абдуҳалим Назарзода, ки худ ба мақомоти милиса омада буданду то лазҳаи маҳви худи ӯ зинда буданд, кушта шудаанд.
  • Тибқи иттилоъи МедиаМаркер чанд рӯз пеш аз ин сафар шаҳрванд Н.Б., (бо далоили амниятӣ аз ӯ ном намебарем) ки мақомоти Тоҷикистон чанд  сол боз ӯро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эрон зиндонӣ карда буданд, озод шудааст.
  • Маврид ба зикр аст, ки муносиботи Тоҷикистону Эрон дар пайи корзори иттилоотии чандсола алайҳи Эрон ва низоми раҳбарии он, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва мақомоти қудратии кишвар роҳандозӣ шуда буду таркиби аслии онро интиқоду мазаммати дастгирии сиёсиву молии ҲНИТ ва даст доштани мақомоти эронӣ дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997
    ташкил медоданд, халалдор шудаанд, аммо дар ду соли ахир дубора барқарор шудан доранд.

 

 

The post Ногуфтаҳои муҳимми хабари сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.