“Нома ба Панҷшер” аз чоп баромад

Дар Душанбе зери унвони “Нома ба Панҷшер” китобе дар васфи Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба нашр расидааст. Дар ин китоб ашъори шоирони маъруфи Тоҷикистон ва ҳамчунин мақолаҳои донишмандону журналистон гирдоварӣ шудааст. Интизор меравад, ки ба зудӣ дар як маросим “Нома ба Панҷшер” муаррифӣ шуда, шакли электронии он ҳам тариқи Интернет дастраси хонандагон бигардад. Ҳамчунин ду рӯз пеш нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҷмуаи ашъори шоирони форсизабонро дар ситоиши Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо номи “Ҳамосаи Панҷшер” аз чоп баровард. Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки то ҳол бо нерӯҳои “Толибон” таслим нашудааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.