Номаи доди амонатгузорони “Агроинвестбонк” ба Эмомалӣ Раҳмон

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ба суроғаи МедиаМаркер номаи бози як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон расид, ки аз президенти Тоҷикистон мехоҳанд ба мушкилашон бо раҳбарияти “Агроинвестбонк” расидагӣ кунанд. Бо аҳдофи тадриҷан аз байн бурдани сонсур ва худсонсур дар муҳити расонаии Тоҷикистон мо онро бидуни таҳрир нашр карда, ба роёнишонии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон равон мекунем. 

Ба Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон
Нусха ба: Вазорати молияи ҶумҳурииТоҷикистон
Нусха ба : Бонки миллии Чуҳурии Тоҷикистон
Нусха ба: Раиси ҶСК «Ароинвестбонк» М.Алимардонов
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон,
734018, ш. Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21
Мо, якчанд амонатгузорон ба Шумо аз ноилоҷӣ ва маҷбурӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ба мо кӯмак расонед.
Мо, якчанд шаҳрвандон ва зеримзокунандагон маблағ ҷамъ намуда, (яке барои беҳбудии зист, дигаре барои омӯзиши фарзандон , касе барои харидории манзил) ба бонки ҶСК «Агроинвестбонк», воқеъ дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 21, амонат гузошта,  тибқи шартномаҳои дар ариза замимакардашуда бо ҶСК «Агроинвестбонк» шартнома бастем.

Бонки мазкур ҶСК «Агроинвестбонк» маблағҳои амонатии моро ғайриқонунӣ ба фоидаи худ истифода бурда, шартҳои шартномаро вайрон карда маблағҳои амонатгузоштаамонро намехоҳад баргардонад. Аз руи қонун ҳуқуқҳои конститутсионии мо пурра поймол карда шуда истодаанд.

Бо муроҷиатҳои чандинкаратаи мо ҶСК «Агроинвестбонк» имрузу фардо гуфта бо ҳар хел баҳона дили моро пур карда маблағҳои ба амонат гузоштаамонро намехоҳад баргардонад.
Шартномахои мо ба талаботхои м. 854 КГ Чумхурии Точикистон хилофат накарда, тибки шартномаи пасандози бонки (депозити бонк) як тараф (бонк), ки маблаг (пасандоз)-и ба хисоби тарафи дигар (амонатгузор) воридшударо кабул кардааст, ухдадор мешавад, ки ба амонатгузор ин маблагро баргардонад ва барои он фоиз ё дар шакли дигар тибки шарт ва тартиби пешбининамудаи шартнома фоида пардозад.
Дар асоси моддаи 829 КГ Чумхурии Точикистон: агар дар конун ё шартнома тартиби дигаре пешбини нагардида бошад, карздиханда барои аз карзгиранда аз маблаги карз тибки андоза ва тартиби муайяннамудаи шартнома гирифтани фоиз хукук дорад. Хангоми дар шартнома мавчуд набудани шартхо оид ба фоиз андозаи он тибки ставкаи ба таври дахлдор муайяннамудаи фоизи бонк дар рузи аз чониби карзгиранда баргардонидани карзи худ ё як кисми дахлдори он муайян карда мешавад. Дар сурати мавчуд набудани чунин нишондод фоизхо тибки тартиб ва мухлати пешбининамудаи шартнома оид ба баргардондани карзи асоси пардохта мешаванд.
ЧСК «Агроинвестбонк» тибки м.426 КГ Чумхурии Точикистон барои гайриконуни истифода бурдани маблаги гайр дар натичаи ичро накардани ухдадории пули, ё гузаронидани мухлати пардохти он ё бидуни асос гирифтани он ё ба амонат гузоштан аз хисоби шахси дигар бояд ба андозаи ин ба фоидаи даъвогарон фоиз пардохт намояд. Андозаи фоиз бо назардошти меъёри миёнаи фоизи бонк, ки Бонки миллии Точикистон дар рузи ичрои ухдадории пули ба хисоб гирифта мешавад. Бонки амонатгузор ё шуъбахои он хифз ва баргардондани пули пасандози амонатгузорро дар хар лахза кафолат медихад.
Бонк тибки конунхои амалкунанда удадориашро пурра вайрон намудааст, ки ин хилофи конуни мазкур мебошад, яъне дар ин холат тибки м. 862 КГ Чумхурии Точикистон дар сурати аз чониби бонк ичро накардани талаботи амонатгузор дар мавриди баргардонидани пасандоз ё як кисми он дар мухлатхое, ки моддаи 861 хамин Кодекс пешбини намудааст, сарфи назар аз пардохти фоизхо ба пасандоз, бонк вазифадор аст мутобики моддаи 426 хамин Кодекс зарари расонидашударо чуброн намояд. Бо назардошти он, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бо амалиётхои гайриконунии худ ба мо зарари маънави расонида, барои аз даст додани вакти кимати мо ва саломати (хароб гардидани асаб) оварда расонид.
Мо амонатгузорон якчанд маротиба мактуб ба номи М.Алимардонов ва шахсан ба ӯ оиди баргардонидани амонатхои мо мурочиат карда будем. Аммо у каьиян мурочиатхои моро рад карда буд ва ҳатто фикр дар бораи мо амонатгузорон накард.

Ӯ дар давоми 4 соли охир худро хамчун як рохбари беадолат нишон дод, гуё ки проблемахои бонк ба у ягон алока надоранд. М. Алимардонов ба ин корхои беадолатияш на танхо хукуки амонатгузоронро поймол кард ва ҶСК «Агроинвестбонк»-ро ба бухрон дучор кард, балки зарари маьнавӣ ба тамоми системаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонд.

Акнун ягон шахрванди ҷумҳурӣ ба системаи бонкии Точикистон бовари надорад ва бо дигар бонкхои давлат кор нахоханд кард. Ин на танхо ба системаи бонкии ҶТ балки ба тамоми иктисодиети ҶТ зарари ҷиддиро мерасонад, чунки иктисодиети хар як давлат аз рушди системаи бонкӣ вобаста аст. Хамаи бонкхои ҶТ бояд кор кунанд. Ин барои рушди давлатамон даркор аст. Барои хамин аз Шумо хохиш мекунем ки бонки ҶСК «Агроинвестбонк»-ро аз бухрон наҷэот дода ба кор дароред ва барои баргардондани маблагхоямон ёри расонед ва ба ин беадолатихо дигар рох надихед ва шахсан чаноб М.Алимардонов ба чавобгарӣ кашида шавад ва мувофиқи конун ҷазо гирад.

Аз Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ хохиш менамоем ба мо оиди баргардондани маблағҳоямон кӯмак намоед ва аз ин беадолатиҳо моро раҳо диҳед.
30 октябри соли 2020
         Аризадиҳандагон: 16 имзо ва нусхаи шартномаҳо

The post Номаи доди амонатгузорони “Агроинвестбонк” ба Эмомалӣ Раҳмон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.