Номаи сокинони Ишкошим ба президент дар бораи тағйири номи Шитхарв ба Вахон

Сокинони ноҳияи Ишкошим ва водии Вахони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар номаи саркушодае аз президенти Тоҷикистон хостанд, ки тасмими ба ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим додани номи «Вахон»-ро бозбинӣ бикунанд. Дар номаи саркушоди сокинони ноҳия, ки як нусхааш рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ ҳам дастрас шуд, гуфта мешавад, ки беш аз 2500 сокини деҳоти ноҳияи Ишкошим “дар чанд маҷлиси ҳузурӣ ва онлайнии сокинони бурунмарзии водии Вахони ноҳияи Ишкошим” ба қароре расиданд, ки додани номи Вахон ба ҷамоати деҳоте “як иштибоҳ” хоҳад буд.  

Муаллифони нома  мақомотро ҳушдор додаанд, ки ин қарор метавонад боиси дар ниҳоят боиси беаҳамият шудани арзиши таърихии номи ҷуғрофии водии қадимаи Вахон шавад.  

Миёнаҳои моҳи август матбуот хабар дод, ки раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди  Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ мувофиқат кардааст, ки ҷонибдори аз Шитхарв ба Вахон табдил дода шудани исми ҷамоати деҳоте дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим  шудаанд. Қарори ҳукумат ба баррасии Маҷлиси миллии Тоҷикистон фиристода шуд. Таҷрибаи кори парлумони Тоҷикистон, ки аксар аъзояш аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат иборат аст, нишон медиҳад, ки аксари кулли қарору тарҳҳои мувофиқашуда аз ҷониби президент ва ҳукумат бидуни мухолифат мавриди дастгирии якдилонаи аъзои маҷлис қарор мегирад. 

Дар номаи сокинони деҳоти Ишкошим, ки бо Вахон номгузорӣ шудани исми ҷамоати деҳоти Шитхарв мухолифат кардаанд, омадааст, ки “бо ду деҳа маҳдуд кардани номи як водии бузурги таърихӣ, ки феълан бахши ду кишвар – Тоҷикистон ва Афғонистон аст, аз мантиқи фарҳангию ҷуғрофӣ холӣ мебошад”.  Дар нома омадааст, ки ин минтақаи муҳим дар шоҳроҳи Абрешим то қарни 19 мақоми нимамухтории худро ҳифз карда тавонист ва танҳо солҳои 1890 дар паи муомилаҳои сиёсии Русияву Бритониё тақсим шуд. Солҳои шӯравӣ  «Вахон аввал ноҳия ва баъд бахши ноҳияи Ишкошим гашт, ки то ба имрӯз дар ҳайати ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”. Муаллифон мегӯянд, ки Вахон набояд бо исми ду деҳа маҳдуд гардид, “бигзор ҳамчун як водӣ, як сарзамини таърихию ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон шинохта шавад”.    

Ҳанӯз вокуниши намояндагони ҳукумати кишвар, аз ҷумла раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ба ин муроҷиатнома, ки нусхааш ба номи ӯ ҳам ирсол шудааст, дар даст нест.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.