Номзад ба додгоҳи олии ИМА Барретт  гуфт, ки ҳеҷ дастури коре надорад

Эми Кони Барретт, як номзади додгоҳи олии ИМА ба қонунгузорони кишвараш гуфт,  ки замони баррасии парвандаҳои додгоҳӣ эътиқоди диниву хусусии худро канор мегузорад. Додраси 48-солаи парвандаҳои таҷдиди назар яке аз нафарони мавриди назари муҳофизакорон аст. Ӯ дар посух ба аъзои Кумитаи адлияи  Сенат рӯзи 13-уми октябр гуфт, ки ҳеҷ дастури коре надорад, вале ҳамзамон аз додани посухи мушаххас дар заминаи ин ки парвандаҳои доғи сиёсиро чӣ гуна баррасӣ мекунад, худдорӣ кард. Ӯ гуфт, “додрасҳо наметавонанд як дафъа бедор шаванду бигӯянд, ки “ман дастури кор дорам. Ман силоҳро дӯст медорам, ман силоҳро бад мебинам, ман сиқти ҷанинро дӯст медорам, ман сиқти ҷанинро бад мебинам” ва мисли як малика роҳ рафта хости худро ба ҷаҳон таҳмил бикунанд”.  Президент Доналд Трамп ва аъзои дигари ҷумҳурихоҳи Сенат дар талоши ин ҳастанд, ки базудӣ курсии баъди даргузашти додрас Рут Гинзбург  холишударо бо номзади мавриди назари худ пур кунанд. Дар Сенат ҷумҳурихоҳҳо бо 53 овоз дар муқобили 47 овоз аз демократҳо бештар ҳастанд ва ба тасдиқи номзадии Барретт ҳеҷ шубҳа намемонад. Демократҳо, ки пеши роҳи ин корро гирифта наметавонанд, дар талош буданд, ки бо саволҳои доғу сахти худ дар масоили мисли сиқти ҷанин, издивоҷи ҳамҷинсҳо ваё масоили беҳдоштӣ пеши роҳи Барреттро бигиранд. Дар посух Барретт ҳам талош кард аз ҷавобҳои мустақим ба пурсишҳои марбут ба назари шахсии ӯ худдорӣ кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.