Номзади Ҳизби демократ дар Ҷорҷиа пирӯз шудааст

Бино ба гузориши чанде аз расонаҳои Амрико Рафаел Варнок, номзади Ҳизби демократ ба мақоми вакили Сенат дар даври дуввуми интихобот дар иёлати Ҷорҷиа пирӯз омада ва аввалин вакили сиёҳпӯст аз ин иёлат шудааст. Илова бар ин демократҳоро як қадами дигар барои ба даст гирифтани палатаи болоии порлумони Амрико наздиктар кард.

Ба демократҳо зарур аст, ки вакили дуввумашон низ дар Ҷорҷиа пирӯз шавад, то назорати комили Сенатро ба даст бигиранд. Бино ба гузоришҳои телевизиони Си Эн Эн ва хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс“ Рафаэл Варнок, ки воизи як калисо дар шаҳри Атланта аст, аз рақиби ҷумҳурихоҳаш Келли Лофлер андаке раъйи бештар ба даст овардааст ва пирӯз мешавад.

Аммо фосила байни Ҷон Оссоф, номзади Ҳизби демократ ва мустанадсози 33-сола бо Дейвид Пердю нозади ҷумҳурихоҳон бисёр кам аст ва маълум нест, кадомӣ пирӯз мешаванд. Мақомот гуфтаанд, ки шояд барои шумориши оро, ки миқдори зиёдашон бо почта расидаанд, чанд рӯз лозим шавад.

Дар сурати пирӯз шудани ҳарду номзади Ҳизби демократ, теъдоди вакилони ҳарду ҳизб дар Сенат баробар ва 50 ба 50  мешавад. Дар сурати тасвиби қароре, дар инҷо раъйи Камала Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳури Амрико лозим мешавад ва у метавонад, ба тарафдории қабули қарор ё қонуни хостаи ҳукумат раъй диҳад.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ва ё Конгресси Амрикоро Ҳизби демократ дар даст дорад. Дар сурати ба даст овардани назорати Сенат ба Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико қарор аст, рӯзи 20-уми январ қасам ёд кунад, қабули барномаҳояш осон мешавад.

Ба Ҳизби ҷумҳурихоҳ зарур аст, фақат як номзадашон пирӯз шавад, то назорати Сенатро дар даст нигаҳ доранд ва қабули қарорҳои муҳими ҳукумати Ҷо Байден, аз ҷумла дар ислоҳи системаи хадамоти тандурустии Амрико мушкил кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.