Номзадии Ҷапаров ба мақоми нахуствазирии Қирғизистон муҳокима мешавад

Рӯзи 14-уми октябр вакилони Жогоргу Кенеш – парлумони Қирғизистон дар як ҷаласаи ғайринавбатие, ки дар қароргоҳи Ало-Арча ҷараён дорад, номзадии Содир Ҷапаровро ба мақоми нахуствазири Қирғизистон баррасӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта президент Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ки бо қарори гурӯҳи вакилони маҷлис дар заминаи таъини Ҷапаров, собиқ зиндонӣ ва маҳкумшуда барои одамрабоӣ ба мақоми нахуствазирӣ, розӣ намешавад. Президент гуфтааст, ки тамоми қарорҳо бояд дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад ва ҳеҷ шубҳае дар заминаи қонунӣ будани онҳо бояд вуҷуд надошта бошанд. Ҷапаров дар ҷаласа гуфтааст, ки  барномаву сохтори ҳукумат бетағйир мемонад ва танҳо дар ҳайати ҳукумат тағйирот ҷорӣ мешавад.  

Ҷеенбеков дар эътирозаш бо қарори гурӯҳи аъзои маҷлис гуфтааст, ки ҷаласаи парлумонӣ бидуни ҳузури зарурии аксари аъзои парлумон барпо шуд. Баъди интихоботи парлумонии рӯзи 4-уми октябр ва норизоияти аксар ҳизбҳои мухолифин бо хулосаҳои  овоздиҳӣ, натиҷаҳо бекор шуданд, вале дар кишвар бӯҳрони сиёсӣ ба амал омад. Рӯзи 6-уми октябр эътирозгарон бинои ҳукумат ва парлумонро тасарруф карданд ва дар кишвар мубориза барои қудрат дар миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба амал омад. Эътирозгарон, аз ҷумла, чанд зиндонии сиёсиро озод карданд ва Ҷапаров ҳам баъди чор соли зиндон, ба майдон баромад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.