Носаҳеҳии торихӣ ва дурӯғ зимни рӯнамоии тандиси “Императори дӯстдоштаи Путин”

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Зимни рӯнамоии  тандиси императури Русия Александри Сеюм як хато ошкор шуд, ки  ба дурӯғ печид, вале дастандаркорон ва Кремлин шарҳе надоданд. 

  • Маросими ифтитоҳи тандис  5-уми июн дар наздикиҳои Санкт-Петербург баргузор шуда, дар он президенти Русия Владимир Путин ширкат варзид.
  • Ӯ зимни суханронӣ аз ҷумла,  аз кори муаллифони лоиҳа ситоиш кард: «Порасанг, порасанг-одам … ва лоиқи корномааш. Олӣ,  ба муаллифон табрик мегӯям. Ин муваффақияти воқеӣ аст”, аммо корбарони ҳушманди рус эрод гирифтанд.
  • Ёдгории биринҷии Александр III, ки дар тахт нишастааст, аз рӯи намунаи соли 1899- и ҳайкалтарош Паоло Трубетской  сохта шудааст. Муаллифи ёдгорӣ Владимир Бродарский, хатмкардаи Академияи рассомии Русия мебошад.
  •  Эҷоди ин муҷассамаро Ҷамъияти торихии Русия, ки  директори Хадамоти иктишофи хориҷӣ (СВР) Сергей Наришкин сарпарасти он мебошад, муштаракан бо Ҷамъияти торихи ҳарбии Русия зери сарварии  ёрдамчии президенти Русия, вазири собиқи фарҳанг Владимир Мединский ба уҳда доштаанд, аммо дар ин сатҳ ҳам хаторо ошкор накардаанд.
  • Бо рунамоии тандис корбарон аз  носаҳеҳии таърихӣ эрод гирифтанд: ба ҷои ситораи ҳаштгӯшаи ордени  Андриёси Якум рӯи синаи императорро ситораи шашгӯша оро медод.
  • Бо ошкор шудани хато ҳайкалтарош Владимир Бродарский онро эътироф кард, ки  “хатои техникӣ мушоҳида ва ислоҳ шуд! Мо … асабонӣ будем, аммо ҳама чиз дар намуна дуруст буд”, вале боз ҳам корбарон далел оварданд, ки дар намунаи ҳайкалтарош низ ситораи шашгӯша ҷой дорад, на ҳаштгӯша ва ҳайкалтарош дурӯғ мегӯяд.

  • Баъзе аз корбарон ҷой ёфтани ситораи шашгӯша сари синаи императур Александри Сеюмро “муҷозоти торихии” -и ӯ номиданд, ки нажодпарасти хашин буда, дар аҳдаш сиёсати яҳудиситезӣ пиёда мекард. 
  • Дастандаркорони аслии ин тарҳ, ки аз афроди наздик ба Путин мебошанду ба гумони ғолиб ташаббусашон туҳфа ба ӯ будаааст, ин қазияро шарҳ надоданд. Кремлин низ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кард.
  • Маврид ба зикр аст, ки ҳамчунин хатои фаҳш зимни рӯнамоии тандиси Михаил Калашников низ дар чанд соли пеш рух дода буд. Он замон дар тандис нақшаи аслиҳаи худкори олмонии “Шмайссер”-ро тасвир карда буданд, ки худи Калашниковро низ ба нусхабардории ғайриқонунӣ аз он ихтироъи аслиҳасози олмонӣ муттаҳам мекарданд.

 

 

The post Носаҳеҳии торихӣ ва дурӯғ зимни рӯнамоии тандиси “Императори дӯстдоштаи Путин” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.