Нуҳ шабакаи иҷтимоӣ саҳфаҳои марбут ба Доналд Трампро баста ё маҳдуд кардаанд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Муҳаққиқон рӯйхати шабакаҳои иҷтимоӣ, ки кори саҳфаҳои президенти ИМА Доналд Трамп ва ё ҳисобҳои тарафдорони ӯро манъ ё маҳдуд сохтаанд,  нашр карданд. 
  • Тибқи иттилои  Axios, ба ин рӯйхат платформаҳои бузурги иҷтимоӣ, аз қабили YouTube, Facebook, Reddit, Twitch, Twitter, Instagram, Snapchat, Tiktok, Pinterest  шомиланд.
  • Facebook ва Instagram саҳфаи Трампро барои нашри паёмҳои нав барои ду ҳафта маҳдуд карданд, дар ҳоле ки дар ИМА раванди интиқоли қудрат ба президенти тозаинтихоб Ҷо Байден идома дорад. Ин шабакаҳо президенти Трампро дар даъват ба хушунат мутаҳҳам кардаанд.
  •  Snapchat ҳисоби президенти собиқи Амрикоро “барои паҳн кардани нафрат ва барангехтани хушунат” муваққат масдуд кардааст. Аммо Twitter эълон дошта, ки саҳфаи Трампро барои абадан барҳам задааст.
  • Шабакаи Tik-tok намегузорад, ки ҳаштакҳои #stormthecapitol (“Storming the Capitol” and #patriotparty (“Party Patriot”)) дар бахши тавсияҳо шомил карда шаванд.
  • Маҳдуд кардани саҳфаҳояшро Доналд Трамп амали ғайриқонунӣ донистааст. Вокунишҳо ба ин ин амали гушношуниди маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ дуқутбӣ ба назар мерасанд. Гуруҳе аз он ҷонибдоранду гуруҳе онро амали сонсур медонанд. Трамп дар бораи ба додгоҳ муроҷиат кардан ё накарданаш ҳанӯз тасмим нагирифтааст.
  • Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп  шикасти худро дар интихоботи раисҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро эътироф накарда, натиҷаҳои онро тақаллубӣ ҳисобида, тарафдорони худро ба эътироз даъват кард. Ҳангоми тазоҳуроти тарафдорони Доналд Трамп дар назди бинои Капитолияи ИМА, ки ҳадаф аз он роҳ надодан ба ҷаласаи муштараки Сенат ва Маҷлиси намояндагони ИМа буд, 5  нафар кушта шуда, теъдоди дигар захмӣ шуданд. Даҳҳо тан аз тазоҳуротчиён боздошт шудааанд.
  • Дар назар аст, ки санаи 21 январ интиқоли қудрат аз Доналд Трамп ба президенти тозаинтихоб Ҷо Байден сурат мегирад. Трамп изҳор доштааст, ки дар маросими савгандёдкунӣ ширкат нахоҳад дошт. Агар ӯ ба аҳдаш вафо кунад, ин нахустин ҳодисаи ширкат накардани президенти қаблӣ дар маросими савгандёдкунии президенти нав аз соли 1869 ба ин суй мешавад.
  • Нишонаҳои буҳрони сиёсӣ дар ИМА амиқтар шудан доранд, вале ҳокимияти қонунгузор ва додгоҳӣ таъкид мекунанд, ки бо ҳайати раҳбарии низомӣ дар робита ҳастанду вазъ пурра зери контроли мақомоти давлатӣ қарор дорад.

The post Нуҳ шабакаи иҷтимоӣ саҳфаҳои марбут ба Доналд Трампро баста ё маҳдуд кардаанд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.