Нуктаҳои кӯтоҳ дар бораи “Гапи озод” бо Мирзонабӣ Ҳолиқзод

“Гапи озод” дар байни Додоҷон Атовуллоев ва Муҳиддин Кабириро тамошо кардам.
Воқеан иқдоми Радиои Озодӣ сутуданист, ки ин гуна формати суҳбат ва баҳсу мунозираро фароҳам овардааст. Умедворам, он минбаъд идома меёбад ва барои ҷолибтар, табиитар ва наздиктар ба мардум шудан онлайн (бархат) баргузор мегардад. Ҳамчунин, бояд суҳбатҳо бе буридани сухани як меҳмон ва бидуни афзалият додан бар дигаре сурат бигиранд.
Бо ислоҳи ин ва дигар камбудиҳои усулӣ ва ҷузъӣ, ин иқдом метавонад падидаи нав дар фазои сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик гардад ва онро барои шахсиятҳо ва неруҳои тоза ва ноозмуда низ боз кунад. Аз ин нуқтаи назар, ба кормандони Радиои Озодӣ комёбӣ мехоҳам.

Дар кул, мунозира ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳам буд:
Нахустин бор, баъди солҳо Додоҷон Атовуллоев (бо қайчӣ заданҳои сершумори Радио) мавқеи худро дар рӯбарӯ бо “ҳариф”-и худ ва ҳаракати сиёсии ӯ изҳор кард.
Муҳиддин Кабирӣ ҳам имкон ёфт як бори дигар аз минбари байналмилалӣ мавқеи сиёсии худро изҳор ва ташвиқ кунад.
Дар зимн, чандин нуктаҳо ва саволҳое дар зеҳни ман пайдо шуданд, ки мехоҳам онҳоро мухтасар баён кунам:

1) Додоҷон Атовуллоев далели напайвастан ба Паймони миллиро дар он мебинад, ки он дар зери чатри Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад. Аммо посухи Кабирӣ рӯшан ва мушаххас набуд. Ин пурсиш то замоне боз боқӣ хоҳад монд, ки ҳама айбномаҳо ба таври расмӣ ва бо бурҳони қотеъ рад гарданд. Дигар ҷиҳати ин айбнома мавқеи ақидавӣ ва идеологии Ҳизби наҳзати исломӣ дониста шуд, ки ба он низ Кабирӣ ҷавоби қонеъкунанда надод.

2) Назари баъзе коршиносони ҷалбшуда дуруст аст, ки имкон надорад ҳама гурӯҳҳои мухолиф ба ҳам оянд. Вале набояд инро ҳамеша ба дахолати ҳукумат ва хадамоти амниятии он рабт дод. Ихтилофи ақидавӣ ва усулӣ омили асосии ҷудоӣ дар байни неруҳои гуногуни мухолифи ҳукумат гардидааст.

3) Кабирӣ аз Кодекси ахлоқии Паймони миллӣ ном бурд, вале бадрафторӣ ва бадгуфтории баъзе намояндагони онро дар шабакаҳо “масъулияти шахсӣ”-и онҳо номид, ки худ хилофи ҳама гуна Кодекси ахлоқӣ ҳаст.
Худи ҳамин рӯз яке аз пешвоёни Паймон иддао кард, ки “мухолифи мухолифон” мехоҳад ҷомеае “бе диндорон ва либералҳои ба диндорон фурӯхташуда” созанд. Ин айбномаи ҷиддӣ хилофи ҳама гуна меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ аст.

4) Ҷавоби Кабирӣ дар нисбати ҳамкории Ҳизби наҳзати исломӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз он ҷумла бо расонаи “Тасним” ва “фабрикаҳои ҷавоб”-и Наҳзат қонеъкунанда набуд. Ҳамкорӣ бо он расонаҳое мақбул аст, ки ақалан дар ойинномаҳояшон аз арзишҳои демократӣ ҳимоя мекунанд. Аммо “Тасним” иддаои хилоф дорад.
Ҳамкорӣ бо ҳама расонаҳо ва кишварҳо ва истифода аз ҳама василаҳо, аз он ҷумла “фабрикаҳои ҷавоб” ба хотири ба ҳадаф расидан дуруст нест. Ҳадаф василаро тавҷеҳ дода наметавонад.

5) Кабирӣ аз “гурӯҳҳои ифротии дунявӣ, ки ба Аврупо гурехтаанд” ном бурд, аммо он гурӯҳҳоро мушаххас ва далели худро барои “ифротии дунявӣ” номидани онҳо изҳор накард. Сифати “ифротӣ” танҳо ба гурӯҳе бояд тааллуқ ёбад, ки иддао мекунад ба хотири мавқеъ ва ақидаи худ омода аст зиндагии дигарандешону дигарбошонро ба хатар мувоҷеҳ кунад. Мунаққидону мухолифонро намешавад “ифротӣ” номид. Ин сабки кори ҳукуматҳои худкома (авторитарӣ) аст.

6) Роҳбари Наҳзат иддао кард, ки бо бисёре аз нафарон вохӯрда, имконияту шароити ҳамкорӣ ва муборизаро баҳсу баррасӣ кард, ки асос надорад.

7) Ба “душахсиятӣ” айбдор кардани нафароне, ки ба Паймон напайвастанд, дар бисёр маврид бепоя ва беасос аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.