«Nuqta tj» яксола шуд!

Портали иттилоотӣ-таҳлилии «Нуқтаи назар» ба яксолагӣ расид

Аз лаҳзаи дар сомонаи мо манзур гаштани матлаби нахустин барои мо холисона ва саривақтӣ будани матолиби таҳлилӣ, мазмун ва риояи ҳақиқат дар маводҳои мо авлавияти асосӣ буд.

Як сол муҳлати тӯлонӣ нест. Ва ҳарчанд ки дар ин фурсати кӯтоҳ идораи мо аллакай корҳои зиёдеро тавонист анҷом диҳад, дар пеш моро боз корҳои зиёди дигари созанда интизоранд.

Бо дархости мо коршиносон ба фаъолияти солонаи Nuqta.tj баҳои худро доданд.

 

Раҷаб Мирзо, журналист, таҳлилгар:

«Nuqta tj» яксола шуд!

Пайдо шудани портали иттилоотӣ-таҳлилии Nuqta.tj кӯшиши ҷустуҷӯйи журналистикаи босифат дар Тоҷикистон аст. Албатта, бархе аз нашрияҳои мо тавонистаанд дар ин самт комёб шаванд, аммо, мутаассифона, мо як майдони мушаххаси таҳлилӣ надоштем ва агар буд, натавонист дар муҳити иттилоотии кишвар ҷойгоҳи худро ёбад.

Мехоҳам қайд намоям, ки сомона худро дар давраи муҳим, вақте минтақаи Осиёи Марказӣ, пас аз ҳодисаҳои пешгӯинашаванда дар Афғонистон, дар маркази таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ қарор гирифт. Он замон дар саҳифаҳои Nuqta.tj як силсила матолиби босифат, холисона ба маъраз гузошта шуд, ки сабабҳои ҳодисоти кишвари ҳамсояро фош мекарданд, ҳамчунин ояндабиниҳои қобили эътимод аз тарафи коршиносони маъруфи на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои ғайр низ пешкаш шуданд.

Аз тарафи дигар, дар назар аст, ки дар ояндаи начандон дур мавқеи журналистикаи хабарӣ метавонад хеле тангтар мешавад ва ҷойи онро таҳлилу таҳқиқот мегирад. Аз ин рӯ пайдо шудани ин расонаи таҳлилӣ метавонад як қадами хеле дурандешона бошад.

Ҷашн муборак, ҳамкасбон!

Лола Олимова, коршиноси масоили ВАО, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон:

«Nuqta tj» яксола шуд!
акс аз cabar.asia

Сомонаи Nuqta.tj, гарчи ҳамагӣ як сол дорад, дар муддати кӯтоҳ тавонист худро ҳамчун як манбаи бонуфуз муаррифӣ кунад. Аз саҳифаҳои сомона зиёд маводҳои мухталифи таҳлилиро метавон пайдо кард, ки доғи рӯз, танқидӣ, ҷолиб мебошанд. Ҳамчунин ба ман писанд омад, ки аз саҳифаҳои шумо бисёр тавсияҳоро доир ба масоили гуногун пайдо кардан мумкин аст, маълумоти муфид оид ба ин ё он масъала низ бисёр аст. Сомонаи хуб. Дизайнаш ҳам хеле замонавӣ ба назар мерасад. Ва худи блок шудани сомона низ нишонаи он аст, ки нафароне, ки аз танқид тарс доранд, ба он баҳои муносиб додаанд.

Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири рӯзномаи «Минбари халқ»:

Дар фазои иттилоотӣ рӯйи кор омадани нашрия, сомона ё пойгоҳи хабарӣ дар ҳаёти ҷомеа як рӯйдоди нек аст. Рисолати асосии ВАО ба ҷомеа пешкаш намудани дастрасӣ ба иттилооти доғи рӯз ва эътимодбахш дар бораи сиёсат, иқтисод, ҷомеа ва фарҳанг мебошад.

«Nuqta tj» яксола шуд!

Зуҳури саривақтӣ ва воридшавии мавзуни Nuqta.tj ба фазои иттилоотии кишвар низ ба устувор шудани фазои иттилоотии кишвар саҳми назаррас гузошт.

Нашри матолиби босифати таҳлилӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ва пешкаш кардани майдони портал ба коршиносони мустақил ба сомона имкон дод дар муддати кӯтоҳ миёни хонандагон маъруфият пайдо кунад.

Мехоҳам бо камоли хушӣ қайд намоям, ки яке аз муаллифон ва хонандагони доимии сомонаи мазкур ҳастам, ки дар саҳифаҳои он матлабҳои ҷиддии таҳлилӣ дар мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғайра интишор мешаванд.

Солгарди ҳастии сомонаи Nukta.tj ба муассисон ва хонандагонаш муборак бошад!

Нур Сафаров, коршинос:

Қариб як сол пеш дар фазои иттилоотии Тоҷикистон сомонаи таҳлилии Nukta.tj ба фаъолият шуруъ кард. Ба ҳамагон маълум аст, ки таъсис ва ташкили комгоронаи фаъолияти ин навъ ВАО дар кишвар кори содаву андак нест. Аммо бояд қайд кард, ки роҳбари сомона Набӣ Юсупов таҷрибаи зиёди кор дар расонаҳоро дорад, аз ин рӯ Nukta.tj аз оғоз серхонанда ва бонуфуз шуд. Роҳбарони портал тавонистанд ҳамкориро бо коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба роҳ монанд ва онҳо акнун мунтазам дар мавзуъҳои мухталифи ҷиддӣ ба хонандагон назари касбии худро пешкаш мекунанд. Умедворам, Nukta.tj кори худро дар солҳои наздик идома дода, як сомонаи доимамалкунандаи таҳлилӣ мешавад.

Ба тими сомонаи иттилоотӣ-таҳлилӣ дар кори душвор, аммо барои ҷомеа муҳими он комёбиҳо таманно мекунам!

Манбаъ: Nuqta.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.