НУРИ ИСТИҚЛОЛ. Дастовардҳои беназири соҳаи маориф ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меоянд

ХУҶАНД, 07.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихор аст, ки  истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  беш аз 180 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтаву бо мо  муносиботу дӯстӣ   ва ҳамкории қавӣ доранд. Дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯю нуфузи баланд  ва узви созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ гардидани Тоҷикистон низ ба даврони соҳибистиқлолии  он иртибот дорад. Дар робита ба ин мавзӯъ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мумин ШАРИФЗОДА  зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ Ховар дар вилояти Суғд Абдуаҳад ШАРИФЗОДА андешаҳои хешро чунин баён дошт:

Ҳукумати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро дар баробари илм ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ ҳисобида, ҳамасола барои бунёди биноҳои таълимии иловагӣ ва асосӣ, инчунин таъмин ва муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагону донишҷуён тадбирҳои  зарурӣ  меандешад.
Давоми беш аз ду даҳсола дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, хосатан соҳаи маориф пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи Дониши имсола дар яке аз муассисаҳои таълимӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҷрибаи  ҷаҳонӣ  амали  беназир аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок, калидӣ ва тақдирсоз бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Зеро  рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии   халқи  ҷумҳурӣ   аз тайёр кардани кадрҳои баландихтисос вобастагии калон дорад.

Ташкили чунин вохӯриҳо дар рӯзи аввали соли хониш- ин як дастур ва барномаи мушаххасест  барои омӯзгорону  донишҷӯён ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи дониш, забономӯзӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ва дар ин замина тайёр кардани мутахассисони баландихтисос.

Аслан тарбияи насли соҳибмаърифат, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир бояд ҳадафи асосӣ ва муҳими фаъолияти ҳар як омӯзгор бошад. Зеро пешрафту тараққиёти давлатро маҳз мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки 1 сентябр  дар Академияи идоракунии давлатӣ баён гардиданд, азм гирифтаанд дар  самти донишандӯзии  донишҷӯён ва тарбияи ватандӯстии онҳо дучанд кӯшиш ба харҷ дода, мутахассисони соҳибкасбу огоҳ аз таъриху тамаддунро ба воя расонанд.

Тавре Сарвари давлат дар суханрониашон таъкид намуданд, «бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин  намоем».

Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки ҳар яки моро зарур аст ин дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакатро ба ҷо оварда, бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шукуфоии   Ватани   азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор  бошем.

Истиқлолият дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ мақом ва манзалати хосса дошта, маънои  озодию соҳибихтиёриро дорад ва бе доштани он  ҳеҷ давлат ва миллат саодатманд нест.

Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳар як сокини  мамлакат  бояд ифтихор намояд, ки  ҷумҳурии мо  дар қатори садҳо   давлатҳои  дунё дар харитаи олам чун  мамлакати озоду  соҳибихтиёр  ҷой  дорад.

Давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр дастоварду пешравиҳо ноил гашт, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо бевосита аз сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сарчашма мегиранд. Аз ҷумла, сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, рушди ҳамкории донишгоҳҳои  мамлакат бо макотиби олии давлатҳои  хориҷии  дуру наздик, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъати бунёд ва таъмири муассисаҳои таълимӣ – натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф арзёбӣ мегарданд.

Дар ин замина, дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати ба фазои таълимии ҷаҳонӣ  ворид шудану муаррифӣ  намудани таҳсилоти олии  мамлакат бархе донишгоҳҳои мо ба феҳристи донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷаҳонӣ дохил шуданд. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки худ зодаи даврои соҳибистиқлолист, бо беш аз 60 муассисаи олии хориҷи  мамлакат  ҳамкорӣ дошта, ҳоло дар он беш аз 100 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил доранд.

Чанде пеш зимни бурдани корҳои ободониву бунёдкорӣ ин донишгоҳ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, тибқи хулосаи Агентии аккредитатсияи байналмилалӣ ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ аз рӯи якчанд ихтисос ноил гардид. Ин нишондиҳандаҳо низ, бешубҳа, яке аз дастовардҳои соҳаи маорифи  мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ   маҳсуб мешаванд.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон содиқонаву  софдилона меҳнат намоем».

Воқеан ҳам мо аз ин муҳити осудаву ороме, ки Давлату Ҳукумат баҳри шаҳрвандони ҷумҳурӣ фароҳам овардаанд, бояд шукргузорӣ  намуда, баҳри амалишавии ҳадафҳои оянда даҳчанд кӯшиш намоем. Дар ин замина аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон азм доранд, ки бо дарки баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои ба даст овардани дастовардҳои навин талош намоянд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.