Нуриддин Саид ба намоиши филмҳои туркӣ мухолифат кард, вале дар бораи филмҳои русӣ чизе нагуфт

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки мухолифи намоиши силсилафилмҳои туркӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ҳастанд. Ба эътиқоди онҳо, абарқудратҳо талош мекунанд тавассути филмҳову китобҳояшон ба дигар миллатҳо таъсир расонанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки сериалҳои туркӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон намоиш дода мешаванд ва то ҳол ҳеҷ кишваре дар онҳо унсурҳо барои манъи намоишро пайдо накардаанд.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ, ки чаро шабакаҳои телевизионии кишвар силсилафилмҳои сохти туркиро намоиш намедиҳанд, гуфт, ки “шахсан мухолифи ин амр аст”.

Вай афзуд, “дар замони муосир, дар шароити ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба ҳар роҳ фарҳанги худро, тарзи ҳаёти худро, ҳаводиси таърихии худро, ки ба манфиати фарҳангу таъриху маданияти халқҳои майда нест, экспансия мекунанд”.

Ба эътиқоди Нуриддин Саид, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бояд филмҳои сохти худиро бештар намоиш диҳанд, то “худогоҳии сокинон аз фарҳангу тамаддун ва таърих афзоиш ёбад”.

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон афзуд, фурӯши дискҳо бо филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон манъ нашудааст ва алоқамандон метавонанд дар шароити хона ин сериалҳоро тамошо кунанд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки намоиши сериалҳои туркӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ шудааст ва то ҳол ҳеҷ кишваре барои манъи намоиши онҳо иқдоме рӯйи даст нагирифтааст.

Искандар Усмонов, коргардони синамои тоҷик гуфт, “дар сериалҳои туркӣ ман ҳеҷ унсуре барои манъи намоиши онҳоро надидаам. Шояд ин амр бар пояи кадом як омили сиёсие гирифта шуда бошад. Аз сӯи дигар, вақте манъ мекунанд, бояд худ ба ҷояш чизе пешниҳод кунанд. Охир, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Тоҷикистон” ва “Синамо” зарфияти наворгирии сериалҳои тоҷикиро доро ҳастанд. Аммо ҳеҷ ниҳоде барои наворгирии сериали тоҷикӣ иқдоме рӯйи даст нагирифтааст”.

Искандар Усмонов муътақид аст, ки агар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ин сериалҳоро намоиш надиҳанд, мардум онҳоро аз дискҳо тамошо мекунанд. Аз сӯи дигар, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон миқдори зиёди сериалҳои сохти Русия, ҳатто ба забони аслро, намоиш медиҳанд ва мақомот дар ин амр изҳори нигароние накардаанд.

Киностудияи “Тоҷикфилм” якҷо бо “Суғдсинамо” ва “Хатлонсинамо” соли гузашта танҳо ҳудуди даҳ филми бадеӣ ва мустанад офаридаанд, ки ба гуфтаи соҳибназарон барои бароварда сохтани ниёзҳои сокинони Тоҷикистон кофӣ нест.

Саноати филмсозии Туркия солҳои охир хеле пешрафт карда, барои тамошобин саргузаштҳои мухталифи таърихиву тахайюлии фаровоне пешниҳод мекунад. Маъруфияти ин филмҳо фаротар аз марзҳои ин кишвар паҳн шуда, дар қиёс бо филмҳои Ҳолливуду Болливуд Туркияро ба унвони истеҳсолкунанди филмҳои пуртамошобини замонавӣ барои ҷомеаи мусалмонӣ муаррифӣ кардааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.