Нуриддин Саид гуфт, “шахсан мухолифи” намоиши  филмҳои туркӣ аст

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ки аз қарори манъи намоиши сериалҳои туркӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад. Рӯзи 10 феврал Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар посух ба саволи радиои Озодӣ, ки чаро шабакаҳои телевизионии кишвар силсилафилмҳои сохти туркиро намоиш намедиҳанд, гуфт, ки “шахсан мухолифи ин амр аст”. Вай афзуд, “дар замони муосир, дар шароити ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба ҳар роҳ фарҳанги худро, тарзи ҳаёти худро, ҳаводиси таърихии худро, ки ба манфиати фарҳангу таъриху маданияти халқҳои майда нест, экспансия мекунанд”. Ба эътиқоди Нуриддин Саид, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бояд филмҳои сохти худиро бештар намоиш диҳанд, то “худогоҳии сокинон аз фарҳангу тамаддун ва таърих афзоиш ёбад”. 

Ин изҳорот дар ҳолест, ки маҳсулоти синамогарони ватанӣ дар Тоҷикистон хеле ночиз аст ва аксар ҳаводорони сериалҳо ба телевизионҳои Русия рӯ меоранд. Хоҳишмандони тамошои филмҳои сифатан беҳтари ҷаҳонӣ аз Интернет кор мегиранд.

Саноати филмсозии Туркия солҳои охир хеле пешрафт карда барои тамошобин саргузаштҳои мухталифи таърихиву тахайюлии фаровоне пешниҳод мекунад. Маъруфияти ин филмҳо фаротар аз марзҳои ин кишвар паҳн шуда, дар қиёс бо филмҳои Ҳолливуду Болливуд Туркияро ба унвони истеҳсолкунанди филмҳои пуртамошобини замонавӣ барои ҷомеаи мусалмонӣ муаррифӣ кардааст. Сериалҳои ҷудогонаи туркӣ дар бораи нақши зани замонавии мусалмон ва муборизааш барои ҳақу адолат дар бархе кишварҳои арабӣ фавқулодда маъруф шудаанд.

Мунаққидон ва ҳомиёни озодии баён солиёни зиёд аст, ки мақомоти телевизиони Тоҷикистонро барои ҷорӣ кардани сензураи шадиде дар доираи идеологияи ҳукуматӣ интиқод мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.