Оғози корпартоии сартосарӣ дар Белорус

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Номзад ба мақоми раисҷумҳури Белорус Светлана Тихоновская эълон кард, ки аз сабаби иҷро нагардидани талаботи мардум дар “Рӯзи ултиматуми мардумӣ” аз ҷониби мақомоти Белорус шуруъ аз 26 октябр дар кишвар корпартоии сартосарӣ баргузор мешавад.
  • “Белорусҳо ин иқдомро бар медоранд, зеро ҳарфи онҳо қонун аст. Қонуне, ки мақомот саъй карданд моро аз он маҳрум созанд. Аммо мо қатъан ба он боз хоҳем гашт ва силоҳи аслии сулҳомези мо – ҳамбастагӣ- дар ин амр ба мо кӯмак хоҳад кард”- гуфт Тихоновская дар як изҳорот.
  • Собиқ номзад ба мақоми раисҷумҳури Белорус хотиррасон кард, ки дар тазоҳуроти ахирии Белорус мақомот аз норинҷакҳои нурусадоафкан истифода бурданд. Ба ақидаи ӯ, ин гувоҳи он аст, ки “режим омода нест ҳақиқатро бигӯяд ва масъули суханони худ ва таҳаққуқи хостаҳои мардум бошад”.
  • “Ин нишонаи он аст, ки ин режим шоистаи мардуми Белорус нест ва қудратро дар ҳоли аз даст додан аст”- омадааст дар баёнияи ӯ.
  • Ёдовар мешавем, ки 25 октябр дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус” Рӯзи ултиматуми мардумӣ” баргузор гардид. Тибқи иттилоъи канали телеграммии Nexta  беш аз 100 ҳазор нафар аҳолӣ ба кӯчаҳои пойтахт баромаданд. Нирӯҳои амниятӣ ба тазоҳуркунандагон бархӯрди сахт намуда, зиёда аз 100 нафар боздошт карданд.
  • Дар Белорус пас аз дар интихоботи 9 август пирӯз эълом гардидани Александр Лукашенко мардум даст ба тазоҳурот мезананд. Онҳо истеъфои Александр Лукашенко, озод намудани зиндониёни сиёсӣ ва баргузории интихоботи нави одилона ва шаффофро талаб доранд.

The post Оғози корпартоии сартосарӣ дар Белорус appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.