Оғози табодули зиндониён миёни Украина ва Русия. ПАХШИ ЗИНДА

Мақомоти Украина ва Русия рӯзи 7-уми сентябр ба табодули зиндониён оғоз карданд. Ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони Русия, ки дар Украина зиндонӣ буданд ва ё дар боздошт нигоҳдорӣ мешуданд, ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав расидааст. Аз Маскав ба фурудгоҳи Борисполи Киев шаҳрвандони маҳкумшудаи Украинаро фиристоданд. Ин афродро президенти Украина  Владимир Зеленский пешвоз гирифт. Қарор буд, Русия коргардон Олег Сентсовро озод кунад. Сентсов бо ҷурми омодагӣ ба таркишҳо дар Қрими ишғолшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Киев ба Маскав бояд сардабири дафтари оҷонсии РИА Новости дар Украина Кирилл Вишинскийро бидиҳад. Рӯзи панҷшанбе президенти Украина Владимир Зеленский фармони афви 12 шаҳрванди Русияро содир кард. Рӯзи 5-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин гуфт, табодули зиндониён ниҳоӣ шудааст.

Субҳи 30-юми августи имсол дар бораи оғози табодули маҳбусон миёни Украина ва Русия хабарҳои зидду нақиз нашр, вале дертар рад шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.