«Об — ҷузъи муҳими организми инсон». Чанд тавсияи муфид доир ба истеъмоли дурусти он дар барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар»

ДУШАНБЕ, 01.07.2020  /АМИТ «Ховар»/. Об дар инкишофи организми инсон нақши муҳим дорад, зеро мутахассисон иброз медоранд, ки 65 дарсади организмро об ташкил медиҳад. Махсусан дар фасли гармо талаботи организм ба об бештар мегардад. Ҳар як шахсро зарур аст, ки вобаста ба талаботи организм нӯшидани обро дуруст бояд истифода барад. Албатта, табибон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати бадан нӯшидани оби сард ба манфиат нест, зеро дар ин сурат кас метавонад ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои меъдаву рӯда ва амсоли инҳо мубтало гардад. Аз ҷониби дигар  риояи дурусти истеъмоли об имкон медиҳад, ки вазъи саломатӣ муътадил нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, ҳар як шахсро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи об қоидаҳои дурусти истеъмоли онро риоя кунад. Чунин иброз медорад Ҳотамбек ХАЙРОВ, директори Муассисаи давлатии Маркази ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар».

Номбурда меафзояд, ки мутаассифона, тавре мушоҳида менамоем, баъзе нафарон ҳангоми баланд будани ҳарорати бадан ва ё машғул будан ба кори ҷисмонӣ  дарҳол оби сардро истифода мебаранд, ки ин ҳолат метавонад ба вазъи саломатӣ паёмадҳои нохубро ба бор биёрад.

Ҳотамбек Хайров вобаста ба истифодаи дурусти об, махсусан дар ҳолатҳои болозикр, чанд тавсияи муфид пешниҳод намуд, ки фишурдаи онро метавонед тавассути барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» бишнавед.

Барнома имрӯз, 1 июл соати 10:30 (мустақиман) ва такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 аз Радиои «Ховар» пахш мешавад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.