Об куҷо мēравад? – 4 Боз камē дар бораи “нақс”-ҳои хатти “форсӣ”, ва чанд-сухан ба баҳонаи он

Кÿшиш мēкунам, ки ӣн-матлаб кÿтоҳ бошад (хосса, қисми бēштари “масъала” дар матлаби пēшӣн матраҳ-шудааст). Нахуст, маъзарат, ки боз ҳамон-имлои “ҳарӣна”-и чашмхарошро кор мēбарам. Ҳо, барои аксари кулли хонандагон аслан фарқē намēкунад, ки матлаб дар ӣн мавзÿъи “нороҳаткунанда” бо кудом дабӣра аст. Хонēд, ъилоҷē-карда. На даст ва на сари Шумо дард накунад!..

Он-ки хатти форсӣ, аслан, моли форсӣзабонҳо нест, ба ҷои худаш (“йак-тараф ӣстад”) – аҳаммиййатē надорад, ба он мēшавад ъодат-кард (!), аммо муҳимм он-аст, ки дабӣраи мазкÿр “доро”-и душворӣҳои бисйори айон-у ноайон мēбошад.

Бо он-ҳам ба ифтихор ва бузургманишӣ дода нашавēм, ки, масалан, фулон кас, ки танҳо бо хатти форсӣ таҳсӣл-намÿдааст, дар фулон ҷашнвора йо озмÿни байнулмилалӣ баранда (сазовори ҷои дувум йо севум) шудааст. Ва ӣн “далӣл”-и козиб хоҳад-буд, чун дӣгарҳо-ҳам, ки бо ӣн дабӣра, аслан, ошноӣ надоранд, нӣз…

Басо (гоҳē-ҳам) шудааст, ки ӣн хатт ҳатто гÿйандаҳои “пēштоз”-ро ба “бунбаст” кашӣдааст. Шунаванда йо хонанда-ҳам ҳадс мēзанад, ки дар ӣн-ҷо ی “ӣ” ҳаст ва йо “ē”? (Аслан, ҳамӣн ҳарфи ҳам овози “й” ва ҳам овозҳои “ӣ”, “ē”, “о”-ро ифода мēкунад. Ҳатто гоҳē-ҳам овозēро ифода намēкунад).

Ҳарфҳоē ҳастанд шаклан ба ҳам монанд. Мисол: ب, پ, ت, ث. Ва йо: چ, ج, ح, خ. Инчунӣн: ر, ز, ژ ; ا, آ; د, ذ; س, ش; ص, ض; ع, غ ؛ط، ظ; ف, ق, م; ک، گ.

Ҳарфҳоē нӣз ҳастанд, ки танҳо бо миқдор ва ҷои “нуқта”-ҳойашон (боло ва поӣни ҳарф) аз ҳамдӣгар фарқ мēкунанд: ی, ب, پ,ت, ث, ن.

Миқдори рÿкашҳо йо ъадами онҳо гоҳē дар овои ҳарф нақш доранд: ک, گ, ل.

Гоҳē-ҳам ъаломат-“ҳарф”-и ء ва сомит (ҳамсадо)-и ҳамон-йак овози б. и. “сакта” ([ъ])-ро ифода мēкунанд. Аслан, ҳоло-ҳам сари ъаломат йо ҳарф ҳисобӣдани ء баҳс-аст. Гоҳē нӣз ҳарфи ی ъаломати ء-ро ҳамчун изофат ъиваз мēкунад: خانهء من ва خانه ی من. Ҳатто баъди (мусавват) нӣз ба ҷои ء “ғайриконкурсӣ” ҳамон ی-ро мēнивӣсанд (“муд”!): دوری ی منزل. Дар мавридҳои зайл нӣз ба ҷои ء “омадан”-и ی “ғайриконкурсӣ” ба назар мēрасад: عایله, عاید….

26 ҳарф! Кам не аз 28 ҳарф! Хуб, чӣ мēмонад? Ҳамӣн ду ҳарфи “ҳамсойа”: و ва ه. Фақат онҳоро “бēчора” нагÿēд, ки бас “чорасоз”-анд. Ҳамӣн “нозунÿз”-ҳои ъаҷӣб дорад: масалан, агар дар аввал “ҳамагӣ” 2 тарзи нивишт дошта бошад, дар байни калима – 3-то. Дар ахӣр ҳам – 3-то (лēкин тамоман дӣгаргÿна). Ҳо, агар “ноз”-аш боло гӣрад, дар охири калимаҳои асосӣи ъибораҳои “соф” ъарабӣ дар болои сараш 2 нуқта ҳам мēгузорад (ة) ва овозаш мēшавад “т”. Воқиъан, агар дар аввал-у байни вожа он фақат овози “ҳ”-ро дошта бошад (ح ҳам танҳо-ву танҳо ӣн овозро қойил аст), дар пойони калимаҳо овозҳои “ҳ” ва “а”-ро адо мēкунад. Ҳо, + ة.

Дар бораи “тандемҳои ҳурÿфӣ” дар матлаби пēшӣн камē гуфта бÿдēм.

Боз ба-“қаҳр” нагÿēд, ки йак-тоҷӣк дабӣраи форсӣро ба интиқод кашӣда-ву ъавбҷÿӣи он мēкунад. Нахуст, бигÿйам, ки он – хатти форсӣ – хатти нийокони мо, тоҷӣкон, ҳам бÿд. Дӣгар, дар Ēрони ъазӣз ҳам дар садаи кунÿнӣ ва қарнҳои 19 ва 20 ҳатто ъолимони забоншиносē бÿдаанд, ки ӣн-дабӣраро ба “нодурустӣ” (агар ҳамӣн хēл гуфтан мумкин бошад) айбдор кардаанд. Чиро қаблтар на? Ҳадс-мēзанам, ки чунӣн ъамалкард “далӣл”-и сийосӣ-ву мазҳабӣ дошт ва дар пай – ҳамон “чÿби дор”-у “сангсор”.

Он созгор-у мусоъидидат-кунандаи хÿб барои тараққийёт (рушд)-и илмӣ-вуиқтисодӣ ба назар намēрасад, чун сода-ву боб нест. Шояд иддиъо шавад, ки дар ҷаҳони имрÿз хатт-ҳои “нобоб”-ē, чун чӣнӣ-вужопунӣ-вуҳиндӣ, ҳастанд, ҳарчанд ба рушд-утараққӣи се кишвари маълÿм ба сабаби мавҷÿдийяташон халалдор нашудааст. Бояд мутазаккир шуд, ки ӣн “ҳолат” ҷои баҳс дорад (шояд-ҳам доманадор) ва алҳол садаи 21-уоғози ҳазораи се-аст – гирифтēд, фикр мēкунам, ишораамро.

Таркӣби “в-ēш…” (масалан)-ро, ҳанÿз, ки ҳанÿз аст, шахсан ман намēтавонам ба хатти форсӣ бинивӣсам (“в-ēшон”, масалан). Ҳо, нифишти онро, “в-ēшон”-ро, ویشان анҷом мēдиҳанд, “к-ēшон” ҳам کایشان нигошта мēшавад (йо ба гÿнаи тамоман дӣгар – йорӣам диҳēд, лутфан). Ва ҳамаи ӣн мантиқӣ ба назар намēрасад.

Ъарз шавад, ки хатти порсӣ, аслан, осонхон-у осоннивӣс ва сода нēст, мураккаб-аст (дар матлаби қаблӣ дар тасдӣқи ин иддиъо мисоллҳоē нӣз оварда шуд). Онро кас 15-16 сол дар мактаби маъмÿлӣ мēомÿзад, тамоми зиндагӣаш “оканда”-аст ба он (дар Ēрон ва Афғонистон), чандӣн-сол таҳсӣл дар макотиби “болотар”, омÿзиши ӣн-дабӣра боз чандӣн-соли дӣгар (ҳатто – то пойони ъумр) идома мēкунад, аммо шахс иҳсос мēкунад, ки… боз ҳам “мēлангад”. Ҳо, кас мēтавонад хондан-у нивиштанро ҳанÿз дар дабистон-у дабиристон “йод-гӣрад”, бурро-бурро бихонад, тунд-ҳам бинивӣсад, аммо, мутаъассифона, боз-ҳам “хуб” (!) фаро-нагӣрад онро. Дар зиндагӣ-ҳам бӣнад, ки: ē, – бисйорӣҳо фулон вожа йо таркӣбро ба гÿнаи “дӣгартар” мēнигоранд. Душворӣ ва вақтхоҳӣ дар омÿзиши ибтидоӣи ӣн дабӣра, фикр мēкунам, баҳснопазӣр-аст.

Масоъилē дар хондан, нивиштан ва фаҳмкунӣ нӣз пēш мēойад гоҳē. Чи расад ба онҳоē, ки б. и. “таҳсӣлкарда” нестанд! Магар-на? Воқиъан, дар ҳамон Ēрон танҳо дар як маврид (то ҷоē, ки мēдонам) дар охири калима “-а” талаффуз мēшавад: “на”(ҳиссачаи инкорӣ, вожаи نه; ӣн-вожаро, зимнан, мēшавад “нуҳ” ё “неҳ” нӣз хонд), дар мавориди дӣгар – “-е” (дар овонигорӣ онро [-eh] мēнивӣсанд): “лоле”, “хоне”, “шоне”, “воже”, “марбÿте”, “зарре”, “дараҷе”, … (аъам аз вожаҳои порсӣ ва калимоти “худӣшуда”-и ъарабӣ!). Ҳатто “ва” ғолибан “ве” талаффуз мēшавад. Чиро, воқиъан? (Ҳадс мēзанам, ки ӣн ба таъсӣри забони туркӣст. – “ув” ба таъсӣри забони арабӣ-ст, зоҳиран. Йо мēгÿēд, ки ӣн-ҳама ба лаҳҷа марбÿт мēшавад?..) Ҷумлаҳои ахӣр зимнӣ ҳастанд (“дар омади гап”). Дӣгар-ҳам, агар, масалан, хонандаи матн бо калимаē мушаххас “ошно” набошад, мēтавонад онро бар-ғалат хонад, ё дар навишти он “ҳайрон” шавад. Йо мēшавад, ки дар талаффузи дурусти, масалан, ҳамон ی дар тартӣд бимонӣ: “ē”, “ӣ”, “й”, “о” йо “-и”?

Дӣгарашро намēгÿйам, ки “зийодӣ” ба назар мēрасад ва хастакунанда-ҳам ҳаст.

“Тазаккур”-и болоро фаҳм-кардēд, албатта, ки банда чӣ гуфтанӣам, аслан? Фикр мēкунам, ки: орē. Дабӣра-ҳам – чун “паҳдÿ”-ҳои иҷтимоъ бойад сода-ву осон бошад, мураккаб-у мушкил-офарӣн набошад. Аммо хатти форсӣ чунӣн нест (он дар назар чунӣн мēнумойад). Ҳо, онро мēшавад омÿхт, мусаллат-шуд бар он. Аммо бо чӣ “ҳазӣна”-ē! (“Орē, шавад, ва-лēк ба хÿни ҷигар шавад”).

Дар Ēрон-у Афғонистон (ва ба гÿнаҳоē мухталиф дар дӣгар мамолик) хатти форсӣ побарҷост, расмулхатт аст (на “хатти асосӣ”, чун он йагона-аст, “бēрақӣб”-аст – ва ӣн дар тÿли 1400 соли ахӣр. “Масоъил”-и дӣгар нӣз ҳастанд). Ва ӣн бар он “далӣл” намēтавонад-шавад, ки хаттӣ форсӣ “роҳат”-аст ва “ъиваз-нашаванда”. Лēкин барои низоми ӣн мамлакатҳои б. и. исломӣ он муҳимм-аст ва барои ағлаби мардумашон – “шуданӣ” (“аз ҳӣчӣ биҳтар”), ҳарчанд…

Хатонивӣсӣҳо ва хатонивӣсӣҳо (бо хатти “форсӣ”) дар Афғонистон, ки таҷрибаи қарӣб 1400-солаи ҳамагӣ як хатт (мутассилан ҳамон хатти “форсӣ”) доштанаш натавонист онро аз ӣн ҳолати номатлÿб мубарро кунад (чи расад ба Тоҷӣкистон, ки қатъи дубораи ӣн иттисол дар он дубор рух додааст! Афзÿн бар ӣн донандагони хÿби хатти “форсӣ” хēлē каманд ва имкони омодасозӣи омÿзгорони хатти мазкÿр дар 10 – 20 соли пасӣн ё оянда тақрӣбан номумкӣн аст).

Нашавад, ки барои мафҳÿмҳои “найӣ (аз най – “nayï”, “nayïn”), найē (йак-най – “nayē”) ва “наӣ” (ту нестӣ – “naï”) ба дабӣраи форсӣ танҳо نئی (نیی-؟) нигошта шавад-у “пайомад”-аш – бар “гардан”-и хонанда…

Вақтē-ки матолиби ин силсиларо мēнивӣштам, ростӣ, фикр мēкардам, ки акнÿн ба сарам “бумборд”-и шадӣди бисйорӣҳо “мēрēзад (ҳарчанд ҳаросē аз ӣн надоштам, чун мақсади ман танҳо ростӣ бÿд, ва ҳоло-ҳам чунӣн аст: доштани дабӣраē “муносиб” – сода-ву осон ва дуруст – барои ӣн миллат). Ман зÿлфунÿнē нестам, ки андēшаи ман лузÿман ҳукми қатъӣро дошта-бошад, барои ҳама қонÿн ҳам нест. Мо-ки х а р ҳам нестем, ки, агар, масалан, соҳибназарони фарҳӣхта мутқан “исбот” бикунанд (бо далоилē муҳкам-у қотиъ, албатта), ки ҳамӣн алифбои чанд-бор “тармӣм-шуда”-и кунÿнӣамон (“пӣрӣлӣк”) йо ҳамон-дабӣраи форсӣ беҳтаранд, – чиро на, қ а б ÿ л. Лēкин “хомÿш”-у “бēтараф” бēтафовут дар канор ӣстодан… “хуб” нест. (Чиро – “хомÿш”? Ҳамдӣгарро бо зодрÿзҳо бо матнҳои “йак-қулочӣ”табрӣк мēкунанд-ку!?) “Масъала” ҳамоно боқӣ-мēмонад.

Орē, гузаштаи торӣхӣи мо аз садаҳои 7-у 8 то аввали қарни 20 маҳз ба хатти форсӣ нигошта шудааст. Торӣхномаҳо-ву фарҳанг-луғатномаҳо ва рисолаҳои шойиста-ки ба ҷои худашон. Адабиййоти порсӣамон, ки замонē ъоламгӣр бÿд (ва хатташ форсӣ бÿд), чӣзҳоē шойиста нӣз дошт. Валӣ… кам. Боз “сангсор”-ам накунēдо! – фурсат диҳедам, ки дар ӣн-робита чӣзакē бо сарлавҳаи “Об ба куҷо мēравад? – 9” бинивӣсам (барои “ворисони адабиййоти бузург”). Ӣн-қадр ба сӣнаҳои “ватандÿстона”-мон муштҳои ифтихори казоӣ назанēм, ки: “мо фарҳанги ҷаҳоншумÿл доштēм” ва б. м. и. Борē-ҳам бийандēшēм, чи чиро, масалан, урÿпоийони “кофир” дар ъасрҳои 16 – 20 (ва имрÿз-ҳам!) чӣзҳои дархури инсониййат ва ъилм-у фарҳанг мēсохтанд (ҳарчанд “ҳаққуззаҳма”-ашон баъзан кунҷи зиндон, йо дами гилйÿтӣн, пои дор, йо ҳēзуми оташ бÿд)-у “бузург”-они “мусалмон”-и мо ҳай б. и. “лайлӣ-маҷнÿн”-ҳо ва чӣзҳои “хасакӣ”-ву “музахраф”-у “бадарднахур” иншо мēнамÿданд (нукта-ву асарҳои воқиъан боарзиш, – мутаъассифона, хēлē камтар) – чи расад ба ихтироъоти шойон! (Мēтасам, ки аз сари инсоф нагузашта-бошам!) Бигзарēм. Ҳо, бигзарēм, ки “об” ба дӣгар-сÿ рафт…

Ӣн-ҷо ба “тез”-ҳои навбатӣ мēнигарам: онҳо хēлē зийоданд (масалан, “Ҷои вергÿл ва баъзē ъаломатҳои китобат дар хатти форсӣ”, “Пайваст йо ҷудо?, нӣмфосила”, “Шаклҳои мутаъаддиди дабӣраҳо”, “Иътибор қоил набÿдан ба қавоъиди имлои хатти форсӣ дар Ēрон”, “تارخ و مورخ , ““Торӣхи Табарӣ” ва масоъили корбурди дабӣраҳои “соф” ъарабӣ ба ҷои дабӣраҳои порсӣ”, ““ء “ ъаломат аст йо ҳарф?”, “استاد و اساتید”, “Нигоришҳои мутаъаддиди бархē вожаҳо”, “Нивиштани вожаҳо (ҳарфҳо) бояд осон бошад – дуруст ба монанди нафас-кашӣдан”, Азёд-кунӣ, ба хотир супорӣдан, омÿзонӣдан, омÿхтан”, “خرمازیبانیست . Ҳо, бидÿни фосила! Хонēд акнÿн”, “Миқдори шаклҳои ҳуруф дар хатти форсӣ”…). Ва ба ӣн хулоса мēойам, ки дӣгар ӣн “масоъил”-ро “даст назанам”, кофӣст. Ва ба такрор бигÿйам: хатти форсӣ созгор-у мусоъидат-кунандаи хÿб барои тараққийёт (рушд)-и илмӣ-ву иқтисодӣ ба назар намēрасад, чун сода-ву боб ва бē-“масъала” нест. Агар дар мавридē он дақӣқ ба назар расад, дар мавридē дӣгар – на. Шояд иддиъоē-ҳам шавад, ки дар ҷаҳони имрÿз хатт-ҳои “нобоб”-ē, чун чӣнӣ-ву жопунӣ-ву ҳиндӣ, нӣз ҳастанд, аммо ба рушд-у тараққӣи ӣн се кишвар ба сабаби “нобобӣ”-ашон халалē ворид нашудааст. Бояд мутазаккир шуд, ки ӣн “ҳолат” ҷои баҳс дорад (шояд-ҳам доманадор) ва алҳол-ҳам садаи 21-у оғози ҳазораи се-аст, солҳо-ву ъасрҳо ва одамони дӣгар нӣз хоҳанд-омад. Фаҳмӣдēд, албатта”, ишораамро, ки, аслан, чӣ гуфтанӣам. Хатт йо дабӣра (алифбо), ба ъақӣдаи ман, бойад – ақаллан – дорои чунӣн хусÿсиййатҳо бошад: 1) ҳар ҳарфи он танҳо йак (1) оворо ифода мēкунад ва, баръакс йо ворÿна, – ъаломати нивишторӣи ҳар-овои забони гуфтор (такаллум) танҳо йак-ҳарф мēбошад; 2) ҳарфҳо дар навишт содаанд-у осон; 3) қавоъид, чандмаъноӣ ва истисноҳои марбÿт ба он хēлē кам-у саҳӣҳ ҳастанд; 4) вақти омÿзиши он муддати зийодро намēхоҳад; 5) ъилоҷи вожа-ву таркӣбҳои ъалоҳида фақат супурдан ба ҳофиза (“азйодкунӣ”) нест; 6) хондан-у нивиштан ба он боъиси ташаннуҷи нолозим дар зиҳн йо фишори равонӣ намēгардад; 7) имлои он ъилмӣ-ву дақӣқ аст.

Тарафдорони бозгашт ба хатти форсӣ бар ӣнанд, ки ъадами баргашт ба он моро аз адабиййоти клосӣкамон, масалан, йо аз гузаштаамон/гузаштаи фарҳангӣамон ҷудо мēкунад. Ӣн иддиъо, аслан, асос надорад ва баҳс дар ӣн мавзÿъ доманадор аст. Дӣгар-ҳам, он, адабиййоти клосӣкамон, пēш хēлē б. и. “обрÿманд” бÿд, валӣ имрÿз дигар шукÿҳ-у ъазамати бēбаҳсро надорад… (Бийоēд, аз осмони тафохур ба замӣни воқиъиййат фуроēм, охир!). Ҳоло аз фарҳанги тоисломӣамон-ҳам чӣзē намēгӯйам (бас доманадор-аст он). Сонийан, баргаштан ба ӣн дабӣра (душвор-ки йак сÿ ӣстад – хēлē масъаладор аст), ба назари ӣн ҷониб, нахуст, лузÿман моро ба адабиййоти клосӣкамон “наздӣк”-у “дилбаста” намēкунад, хатти форсӣро, хатти гузаштагонамонро, мēшавад-ҳам худомÿзӣ кард, омÿхт – таврē бисйорē аз “мо-ву шумо”, масалан; , “масъаласоз”-аст (бигӣрēм ҳамон вожаи شش (ъадад), ки дар забонӣ форсӣи ēронӣи имрÿз онро [шеш] талаффуз мēкунанд, ҳарчанд “шайхи аҷалл” Саъдӣ ва “лисонулғайб” Ҳофиз мафҳÿми мазкÿрро ҳамēша [шаш] байон кардаанд (онҳо, ақаллан, аҳли Хуросон-ҳам набÿданд!); манзÿрамро дарк кардēд, албатта). Орē, донистани ҳурÿф танҳо ба хондан ва нивиштан мусоъидат мēнамойад, на – бēш аз ӣн. Ва, чи хуш, ки омÿзиши он, хондан ва нивиштан, “камҳазӣна” бошад, душвор набошад. Бадēҳӣст, ки имло бойад “собит”-у “муҳкам” бошад, магар душворӣзо-ву “масъала-дор”. Насли баъдӣ бойад нивишторēро “мӣрос” бигӣрад, ки коромад-у шойиста бошад, хаттē, ки боз мисли ҳамон-мӣроси падарӣ – кулбаи гилӣн – бошад, ки фарзанд зÿд тахрӣбаш мēкунад, ҳатто хиштҳойашро дÿр мēпартойад ва ба ҷои он хонаē “арзанда” бино мēкунад.

Мунаввари Мунавварзод,

26-уми нувобри соли 2020

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.