Об куҷо мēравад? – 5 Мулоҳизаҳо дар бораи он-ки чиро бойад хаттамон лотӣнасос бошад

Пēшопēш мēгÿйам, ки ӣн матлабам кÿтоҳ хоҳад-бÿд.

Он-ки мēгÿйанд, “лотӣнӣ” бÿдани хаттамон моро б. и. туркзада мēкунад-у пушаймонӣ ба бор мēорад, фикр мēкунам, ки: на, чунӣн нēст. Аслан ва абадан!

Нахуст, ӣн б. и. “лотӣнӣи мудернӣза”-и банда (ниг.: “Об ба куҷо мēравад? – 2”, гурÿҳи фейсбукӣи “Мунавварзод”) содатар чи аз алифбои кунÿнӣамон, ва, чи аз (ҳатто – бēштар) хатти форсӣ. Ҳо, ман омодаам изҳори назари ғайр йо ворÿнаи ӣн иддиъойамро таҳаммул бикунам. Дӣгар, он созгор (комилан!) бо гÿиши миллӣамон ва вēжагӣҳои овоӣи он аст. Севум, “масоъил” ва истисноҳо дар имлои он хēлē кам хоҳад-бÿд. Чаҳорум, он бо хутÿти кишварҳои пēшрафтаи ҷаҳон, ки ағлаб бар асоси ҳамон “лотӣн” ҳастанд, “ҳамгом” (ҳамқадам) мēшавад. Воқиъан, дар ҷаҳони муъосир ва пас аз он (ҳатто, садҳо-сол баъд, – агар на бēштар) ӣн амри муҳимм-аст (Ӣнро-ҳам зикр бикунēм, ки ҳамсойа-кишварҳои “минтақа” ба ӣн-хатт гузаштаанд йо ниййати онро доранд). Панҷум, ӣн ҳēч-гоҳ маънои онро нахоҳад-дошт, ки ҳар-шахс забон ва хатти мēхостаашро мустақилона йо бо йорӣи ҳукÿмати кишвар (дар макотиб ва ғ.) наомÿзад ва онро (онҳоро) истифода накунад. Шашум, ба назар мēрасад, ки қисмē аз миллат, хосса ҷавонон-у наврасон, “хоҳон”-и ӣн хаттанд. Воқиъан, агар мо ба нивиштаҳои лавҳаҳои мағоза-ву дӣгар марокизи иҷтимоъӣ ва лавҳаҳои б. и. “трофӣкӣ”-и шиноскунандаи шаҳр-у деҳот “ӣҷод”-и нивишторӣи мардум дар ҳама-ҷо (масалан, – “дÿр нарафта” –таваҷҷуҳ кунēд ба шēваи номнивӣсӣи корбарони ҳамӣн “фейсбуки тоҷӣкӣ” ва “хатт”-и қисмē аз корбарон дар ӣн-ҷо). Ҳафтум, омÿзиши хēлē каммудати алифбо-ву хатти пēшниҳодшавандаи “лотӣн” барои калонсолон (ҳамагӣ йак-ду рÿз) ва то йак-моҳ барои хурдсолон ва навомÿзон. Ҳаштум, қисман “ошно” бÿдани он ба мардуми мо. Нуҳум, мавҷÿдиййати “йорирасон”-ҳо ва “мусоъидаткунанда”-гони “бēминнат” (барномаҳои мутаъаддиди тилвӣзйÿнӣ, нашриййаҳо ва ғ.). Даҳум, гузариш таврē намēшавад, ки он дар муддати кÿтоҳ рух диҳад – он ҳатман бойад аз рÿи барномаē дақӣқ-у тарҳрēзӣ-шуда баргузор гардад. (Ҳо, агар ҳукÿмати кишварамон сахт дар “ташвӣш”-и ойандаи “дурахшон” аст, ба таври муваққат ҳамон-хатти гузаришӣи кӣрӣлӣки мудернӣза пēшниҳод мēшавад – ниг.: “Об ба куҷо мēравад?”-и ҳамӣн муъаллиф).

Шойад баъзē касон иддиъо кунанд, ки дар чунӣн маврид мо аз “гузашта”-и худ “канда” мēшавēм. Шойад, ва ӣн б. и. “қартаи бартар” (“козир”)-и ēшон-аст. Бойад зикр намойам, ки дар ӣн “бора” чандӣн маротиба дар нивиштаҳои ҳамӣн силсила-матолиби “Об…” назари худро ироъа-кардаам, то “мēҳандÿстон” зийод-у бēхудӣ “ташвӣш” накашанд. Дӣгар ӣн-ки мардуми ъодӣ дар “ғам”-и он, “хазӣна”-и “бой”, аслан, нахоҳанд-шуд, магар дар “фикр”-и рÿзгорашон бошанд.

Йагона “масъала”-и дабӣраи пēшниҳодшаванда мавҷÿдиййати калимаҳои аслан ъарабӣи кайҳо “худӣшуда”-е мēбошад, ки “йаксонкунӣ”-ашон (масалан, ҳурÿфи йагона барои ҳамаи чаҳор “з”) таноқузҳоēро (масалан, дар рисола-ву нивиштаҳои ъилмӣ) дар пай хоҳад-дошт. Ба назари банда, ӣн ба хатти б. и. “ъумÿмӣ” дахл нахоҳад-дошт ва дар мавридҳои лозим-ҳам мēтавон аз шарҳҳои дохили қавсайнҳо истифода кард.

Ҳо, шойад иддиъо шавад, ки, охир, масалан, ҳамон-ēронӣҳо бо хатти форсӣ “мушкил”-ē надоранд: ҳама мēдонандаш, равон мēхонандаш ва, хуллас, он хатти йагонаи кишвар аст. Аз масоъили сийосӣ-ву мазҳабӣ ва “худ”-гароӣи нозарÿр мēгузарам, ки баҳси доманадор мēхоҳад. Аммо дар мавриди “равонхонӣ” мēдонед, ки чунӣн-иддаъоро ҳама миллатҳо (масалан, ингилӣсҳо, чӣнӣҳо, рÿсҳо, ъарабҳо, узбакҳо…-ҳам мēкунанд. (Зимнан, ойо шумо матни зайлро хонда мēтавонēд? “Мна гфутам, ту гфутӣ, вйа гфут, мо гфуēтм, оноҳ гфутнад.”. Тēзтар, боз-ҳам тēзтар. Мēшавад? Мēшавад. Ҳо – ъодат).

Масъалаи ъодат. Ҳēч “гап” нē, ба “ӣнаш” нӣз “ъодат”-мēкунем – таврē-ки дар масӣри торихамон ба хутÿти мутаъаддид (мēхӣ, паҳлавӣ,.. йÿнонӣ, ъарабӣ, “форсӣ”, лотӣн, пириллик йо ҳамон кириллик) “ъодат”-кардēм. Ҳо, дар бēштари ӣн маворид моро… “ъодат доданд” (“бо шамшēр”). Ҳоло намēгÿйам, ки мо, халқҳои ēронӣ, ҳēч-гоҳē хатти худро аз “сифр” насохтаēм (ҳо, боз йодоварам нашавēд, ки дабӣраҳои, масалан, мēхӣ ва паҳлавӣ аз “худамон” мēбошад!). Бигзарēм…

Бийоēд, худро ба нодонӣ назанēм – дуруст монанди ҳамон шутурмурғē, ки сарашро ба рēг мēдарорад, то атрофро набӣнад ва хайол мēкунад, ки… Аз “хоб”-и шӣрӣн бойад хēст, то дӣд, ки дунйо “ъиваз” шудааст ва дорад тунд (басуръат) пēш мēравад, рушд мēкунад. Аммо, мēтарсам, ки, мутаъассифона, мо, тоҷӣкон, ҳанÿз андар “хам”-и йак-кÿчаēм – савор бар “ароба”-и “худӣ” ва рÿдē “ҳамонēм-у ҳамон”. Ҳо, мо бойад исбот кунēм, ки воқиъан миллати бофарҳанг-у созанда ҳастēм (ҳарчанд… маҳз ҳамӣн муҳимм нест). Агар гÿйам, ки бойад аз “мавоҳиб”-и миллӣ ва “хориҷӣ” истифода бойад-кард, чӣзēро нагуфтаам, ва ӣн “насӣҳат” хандаовар аст (шойад бархēҳо дар ӣн-вақт танҳо пÿзхандē бизананд-у бо тилфуни ҳамроҳашон бо ошноē тамос бигиранд, бо идора (“пулт”) тағйӣр-додани коноли тилвизори мусаттаҳашонро аз сар бигӣранд ва ба коргоҳ йо ҳар-ҷои дӣгар мошӣнсавор бираванд. Ҳо, на танҳо муфт-истифодабаранда, балки созандаи (ихтироъгари) баъзē аз “мавоҳиб” бойад бÿд. Ъарз-шавад, ки вожаи “мавоҳиб”-ро бойад васӣътар фаҳмӣд (йо мēтавонēд онро ба маънои ҳамон “пēшрафтҳои ъилм-у технӣка” ва “прогресс” талаққӣ бикунēд – “рушд”, ки на, чун он “прогрессивӣ” нест (!?), “қӣш”-аст). Намēдонам, барои чӣ, пийода “ҳаҷҷ-равӣ”-и падари модарам (аз “нақл”-и ÿ) ба хотирам мēойад ва хандаē маҳзÿнам мēгӣрад. Бигзарēм…

Ҳо, беҳтараш, бигузарам аз изҳори ҳама назарҳойам дар ӣн “масъала”, то суханамро ӣн-қадр “ғоз” накарда бошам. Хуб, хосса дар аввал-ҳам ваъда-кардаам ӣнро.

Фақат ӣнро бигÿйам, ки муроди ман аз нивиштани ӣн-матолибҳо ҳаргиз изҳори тафаннун ва йо фазлфурÿшӣ нест, балки кÿшишēст ба баҳс кашӣдани дилсÿзони миллат-у наслҳои пасӣн мēбошад, то дорои, кам-ҳам бошад, дабӣра йо хаттē бошēм осон-у роҳат (ва он мушкилē надошта бошад ва йо мушкил-у “масоъил” ва истисноҳойаш кам бошад). Ва хатти форсӣ чунӣн нест. Торӣхи ӣн дабӣра нишон дод, ки он ба “тармӣм”-ē зийод нийоз дорад. Мēтарсам, ки “тармӣм”-ҳо онро зийод “кор-омад” намēкунанд.

Ва суханро ба ҳамаи шумо диҳам…

Мунаввари Мунавварзод,

Нувомбри соли 2020

S. Ҷумлаи охирӣнро боз йак-бори дӣгар хонēд, лутфан.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.