ОБУ ҲАВО: аз 9 то 10 сентябр дар Тоҷикистон ҳаво якбора номусоид мешавад

ДУШАНБЕ, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки аз  9  то 10  сентябр дар ҷумҳурӣ  ҳаво якбора номусоид  мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо паст шудани ҳарорати ҳаво то 7-9 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ чангу ғубор мефарояд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо   суръати 4-9 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва  рӯзона 29+31  дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.