ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Танҳо рӯзона дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва   дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда мешавад. Танҳо нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сути марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Дар охири рӯз борони суст борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.