ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бе бориш мешавад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти  шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Танҳо шабона ва саҳар дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи майда борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.