Офатҳои “Ида” ва обхезиҳои Амрико. Тоҷикони Ню-Йорк осеб надидаанд

Тӯфони “Ида”, ки дар манотиқи шимолу шарқии Амрико борону обхезӣ овард, ҳаёти камаш 41 нафарро аз байн бурд. Аз аёлати Мериленд то Ню-Йорк дар таърихи 1 то 2-юми сентябр беист борон борид. Аксари қурбониҳо афроде будаанд, ки ҳангоми обхезӣ дар мошинҳояш қарор доштанд ва ё дар табақаҳои поёнии биноҳо зиндагӣ мекарданд. Дар аёлати Ню-Ҷерси ва шаҳри Ню-Йорк камаш 12 нафар ба ҳалокат расидааст. Волии Ню-Ҷерси вазъи фавқулодда эълон карда, аз сокинон хост, ки  хонаҳояшонро тарк накунанд. Хадамоти наҷот роҳҳоро пок намуда, талош доранд равуои нақлиёт барқарор шавад. Намояндагони ҷамоаи тоҷикони Ню-Йорк дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, то ҷое онҳо хабар доранд, касе аз тоҷикон дар ин офати табиӣ осеб надидааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.