Охирине аз Могикан. Шинохт аз Боир Саидов

 Ман ӯро дар ҳолат ва вазъиятҳои гуногун дидаам. Роҳбари корхона, сарвари як муассисаи илмӣ, мушовири чанд номзад ба президентӣ, поягузори “Растохез”, менеджери чанд ширкати бузурги фаромиллӣ дар Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Россия. Ва гуреза.
…Ман ӯро ҳамеша чунин дидаам: марди ҳузарбе, ки чеҳрааш файласуферо ба ёдам меорад ё қаҳрамоне аз достонҳои куҳанро…
…Ҳангоме, ки ӯ дар минбар мешинад ё дар сари дастархон, ба назарам, тиҳигоҳе, паноҳгоҳе намемонад. Ӯ ҳамаро пур мекунад.
… Вақте ба ӯ сухан медиҳанд, аниқтараш ӯ риштаи суханро мегирад, атрофиён чӣ кӯчак ва чӣ гулак менамоянд.
Ӯ дар маҷлису маҳфилу гурӯҳу ҳизбе намеғунҷад.
Ӯ кони идея аст.
Агар дар Амрико ё Олмон мебуд, сарватмандтарин шахс мешуд. Идея дар даврони мо аз ҳама гаронтарин маъдан аст.
Аммо ӯ тоҷик аст.
Сарват надорад.
Ҳангоме бо ӯ сӯҳбат мекунӣ, ҳатман бояд рӯи мизат қаламу дафтар бошад, ки гуфтаҳои ӯро, пешниҳодҳои ӯро, идеяҳои ӯро сабт бинамоӣ.
Боре аз як дӯстам, ки сӯҳбати ману варо гӯш меандохт, пурсидам: аҷиб, оё Боир-Ако ҳам гиря мекарда бошад?! Маҳзуниро мешиносад? Ғамгин мешавад?! Бо навмедӣ саломуалейк кардааст?!
Ҳангоме ӯ занг мезанад, бигзор аз миллионҳо километр, нирӯ ва энержӣ мерасад. Ба назарам, ӯ вулқонеро мемонад, ки хуфтааст ва гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳаду боз ниҳон мешавад. Дар он соат “машъалҳо”, “лампушкаҳо”, “фонусҳо”-и ҷаълӣ ҳама хира менамоянд.

Ҳам он таҳлилгаре, ҳама таҳлилаш барои “кампиракони лаби ҷӯст”, ҳам он роҳбари ҳизбе, аз ҳазор суханронияш як гуфтовард наметавон биёвард, ҳам он рӯҳоние, ки Худоро ба як шаурма мефурӯшад, ҳам он ба ном муборизе, ки ҳамҳамаашро дар Фейсбук бубинӣ, мегуморӣ шере ба майдон омадааст, аммо дар асл як мошони шӯхи беқарор аст…

Бадбахтии миллати мо дар он аст, гавҳаршинос нестем. Қадри кӯзашикан аз оббиёр бароямон азизтар аст. Мо ҳанӯзам бар онем, ки қурутоб шоҳи ғизоҳост. Мо ҳанӯзам, бар онем, ки “Шашмақом” танҳо дар мурдахона бояд садо диҳад. Мо ҳанӯзам худро таскин медиҳем, ки камбағалӣ айб нест. Мо ҳанӯзам бовар дорем, ки қарзи як бону дар кунҷи хона нишастану бо марде, ки дӯсташ намедорад хуфтану обистан шудану зоидану хамир ва беҳтарини занон – зани бесавод ва хонашин аст. Мо ҳанӯзам бар онем, ки белу каланду табару досу болға аз ҳама ихтироъу навгониҳои аср беҳтар аст.
Бадбахтии дигари мо – мо шармро гум кардаем. Нашармида дар бораи “начайликҳо” фарқаш нест, ки ӯ кишвардор аст, ё наркобарон шеъру достон менависем. Ҳатто одамонеро, ки намедонанд, истиқлолро шӯрбо мекунанд ё ба гӯштбирён чун бӯгзор илова мекунанд, қаҳрамони истиқлол эълон менамоем. Як нигоҳ ба расонаҳо кофист, ки мо бубинем, чӣ қадар “муборизи роҳи озодӣ”, “виҷдони миллат” ва “посбони ҳақиқат” дорем.
Аммо на аз озодӣ бӯе бурдаему нишоне доем. Виҷдонҳо дар ҷиғилдонҳо маҳв гаштаанд. Ҳақиқат роҳи сарзамини моро кайҳо фаромӯш кардааст.
Ёдатон ҳаст, ки Боир-Акоро дар боло ГУРЕЗА гуфтам?
То даме, ки чунин бузургон гурезааанд, дар он мулк осоишу ободӣ гурезон хоҳад буд.
То даме, ки барои чунин фарзонагон дар Ватан ҷое нест, он Ватан дар бӯҳрон аст.
Ҳар гоҳе аз Боир-Ако ёд мекунам, бар он мерасам, ки ӯ охирин марде аз Могикан аст, ки ба арзишҳои аслии миллати мо на танҳо арҷ мегузорад, балки ӯ ҳамоне аз табори Айнӣ, Ғафуров, Улуғзодаву Лоиқ аст.
Бо ин шеъри Лоиқи бузургвори миллати нолоиқ мехоҳам ба табрикномаи худ ҳусни мақтаъ бубахшам.
Дар ин дунё ду-се марди бузурге пуштибони мост,
Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост.
Ба зери осмони ниливу рӯи замини сабз
Замину бомашон гӯӣ замину осмони мост.
Ду-се мард аст дар дунё, ки қадри мард медонад,
Ду-се тан марди соҳибдард қадри дард медонад.
Бузургони ба дониш фард медонанд қадри фард,
Ҳамоварди муносиб қадри ҳамовард медонад.
Дар ин дунё ду-се чашмони бино чашми дунёянд,
Ду-се тан покҷоне покии дунёи зебоянд.
Ду-се озодфикре ҷумла оламро кунанд озод,
Ду-се равшанзамире равшании ҳастии моянд.
Фурӯғи машъал аз чашми ҳақиқатҷӯи мардон аст,
Ҳама оташ забони беибо ҳақгӯи мардон аст.
Тамоми оби уқёнусҳову баҳру дарёҳо
Зи оби чашми озодон, зи оби рӯи мардон аст.
Таваллуд муборак, Боир-Акои азиз!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.