Оилае, ки духтарашро барои ошиқ шудан ба ҷавони серб сар тарошид, аз Фаронса ихроҷ шуд

Мақомоти расмӣ аҳли хонаводаи як боснии мусалмонро, ки мӯи сари духтарашонро барои ошиқ шудан ба як серби масеҳӣ тарошидаанд, аз Фаронса ронданд ва барои 5 сол аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум кардаанд. Жералд Дарманен, вазири корҳои дохилии Фаронса дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки панҷ узви хонаводаи духтари 17-солае, яъне падару модар ва се хоҳару бародарашро, ки дар шаҳри шарқии Безансон  зиндагӣ мекарданд, рӯзи 24-уми октябр ба шаҳри Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерсоговина  бозпас фиристодаанд. Ӯ афзуд, “ихроҷ аз қаламрави кишвар натиҷаи рафтори ғайриқобили қабули хонавода дар моҳи август буд, ки як духтари ноболиғро барои ошиқ шудан ба марде аз дини дигар латукӯб карда ва сарашро тарошидаанд.” Дар баёнияи вазир омадааст, ки духтари босниро мақомоти ҳифзи иҷтимоии Фаронса нигоҳубин мекунанд. Посбонони марзи Босния ва Ҳерсоговина ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки оилаи рондашуда дар як ҳавопаймои махсус соати 12:50 ба вақти маҳаллӣ ва бо ҳамроҳии пулиси Фаронса ба Фурудгоҳи байналмилалии Сараево омад. Падару модари духтарро рӯзи 23-уми октябр дастгир карданд ва додгоҳи Безансон онҳоро дар зӯроварӣ ба ноболиғ гунаҳкор донист. Амма ва амаки духтарро барои чунин рафтор ба зиндон маҳкум кардаанд. Матбуоти Фаронса навиштааст, ки духтари боснии мусалмонро барои он латукӯб карда ва сарашро тарошиданд, ки ӯ бо як серби 20-солаи масеҳӣ иртибот доштааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.