Олигархи рус мушовири президенти Туркманистон шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон роҳбари ширкати байналхалқии “АРЕТИ”, олигархи рус Игор Макаровро коршиноси умури нафту газ дар назди президент таъйин кард.

Вазорати молияи ИМА моҳи январи соли 2018 зидди Игор Макаров таҳрим ҷорӣ карда буд.

Ба иттилои маҷаллаи Forbes, Игор Макаров 2,1 миллиард доллар сармоя дорад. Расонаҳои Туркманистон навиштанд, ки Макаров аз таъйин шуданаш ба мақоми нав изҳори сипосгузорӣ кардааст. Вай ҳамзамон афзудааст, ки дар Туркманистон таваллуд шуда, ҳаводори варзиши дучархаронӣ аст.

Макаров ҳамзамон роҳбари Федератсияи варзиши дучархаронии Русия аст. Ба иттилои расонаҳо, ширкати “АРЕТИ” дар солҳои 1990 дар содироти гази Туркманистон тавассути Русия ба хориҷ нақши калидӣ дошт.

Соли 2010 расонаҳо навиштанд, ки ширкати мазкур ба президенти Туркманистон киштие бо арзиши 60 миллион доллари ИМА туҳфа кардааст.

Сафарҳои Макаров ба Ишқобод ахиран афзоиш ёфта ва вай рӯзи 9-уми август бо Бердимуҳаммадов мулоқот дошт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.