Олмон дар андешаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мебошад

Рӯзи 22-юми март Олмон маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирусро аз нав қисман шадидтар мекунад. Ин кишвар яке аз охирин давлатҳои аврупоӣ аст, ки дар паи  афзоиши нави гирифториҳо ба  COVID-19 дубора муқаррароти маҳдудкунандаи иҷтимоиро ҷорӣ мекунад. Садри аъзам Ангела Меркел дар ҷаласаи рӯзи душанбе бо раҳбарони минтақаҳои мухталифи федеролии Олмон ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Матуботи маҳаллӣ рӯзи 18-уми март навишт, ки дафтари Меркел тарҳи тамдиди маҳдудиятҳоро омода кард, ки маҳдудиятҳои навро то таърихи 18-уми апрел пешбинӣ мекунад. Дар Олмон мавҷи сеюми пандемия шурӯъ шудааст ва ҷараёни эмкунӣ ҳам бо суръати суст пеш меравад.

Рӯзҳои истироҳати гузашта Полша, бархе қаламравҳои Фаронса ва Киев – пойтахти Украина қисман баста шуданд. Маҳдудиятҳои нав дар ҳоле ҷорӣ мешаванд, ки дар бисёр нуқоти Аврупо мардум аз маҳдудияту карантин хаста шуда рӯзҳои истироҳати гузашта ба нишони эътироз ба хиёбонҳо баромаданд. Аз ҷумла, Олмон, Ҳолланд, Швейсария ва Сербия макони эътирозҳои мардумӣ аз ташдидёбии маҳдудиятҳои матбут ба пандемия шуданд. Дар Руминия – дигар кишвари аврупоӣ, рӯзи 21-уми март дар утоқҳои эҳёгарии беморхонаҳо шумори рекордии олудашудаҳо ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Вале  мақомоти ҳукуматӣ дар Руминия гуфтанд, ки маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ё карантинроҷорӣ намекунанд. Дар дигар нуқоти Аврупо, аз ҷумла Бритониёву Иттиҳоди Аврупо масъалаи таъминот бо воксина ба мушкили рақами як табдил шудааст ва Брюссел ахиран гуфт, ки эҳтимолан аз воридоти воксинаи AstraZeneca даст мекашад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.