Олмон Русияро дар талоши ташкили тавтеа айбдор кард

Олмон иддаои Русияро дар заминаи таҳдиди НАТО рад карда гуфт, ки Маскав дар талоши ташкили тавтеа аз роҳи истиқрори нирӯ дар нимҷазираи Қрим ва дар хати сарҳад бо Украина мебошад. Аннегрет Крамп-Карренбауэр, вазири дифои Олмон дар сӯҳбат бо телевизиони ARD рӯзи 14-уми апрел гуфт, “тасаввури ман ин аст, ки ҷониби Русия тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, ки як вокунишеро барангезад”.  Ӯ гуфт, “мо ҳамроҳ бо Украина ба ин бозӣ дода намешавем” ва афзуд,  маълум аст, ки Русия  “интизори ҳаракате аст, то баъди он, ба унвони амал аз ҷониби НАТО, нақшаҳояшро идома диҳад”. Аксу навору хабарҳои ахир баёнгари он аст, ки дар Қрими соли 2014 ғасбшуда ва дар хати сарҳади Русия бо Украина шумори зиёди нирӯҳои русӣ таҷаммӯъ мекунанд ва ин чиз боиси нигаронӣ аз он шудааст, ки эҳтимолан Русия дар фикри ирсоли нирӯ ба Украина мебошад. Украина ва Ғарб инчунин ҷудоиталабони воқеъ дар шарқи Украинаро  дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск гунаҳкор мекунанд, ки барои доман задани низоъҳои нав омодагӣ мебинанд, чизе, ки Маскав рад мекунад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.