Олмон шабакаи азими порнографияи кӯдаконро ошкор кард

Полиси Олмон гуфт, яке аз вебсайтҳои азимтарини пинҳонии порнографияи кӯдаконро ошкор кард, ки 400 ҳазор узв дошт. Додситонҳо рӯзи 3-юми май гуфтанд, ки дар доираи ин парванда миёнаҳои моҳи апрел чор нафари 40 то 64-соларо боздошт карданд ва аз давлати Парагвай ҳам хостанд, ки як нафар гумонбари дигарро истирдод кунад. Полис исми ҳеҷ нафарро нашр намекунад.  Дар робита бо ташкили шабакаи порнографӣ дар ҳафт бино  кофтукоб анҷом шудааст.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки полиси Олмон ин вебсайт, мудирон ва корбаронашро давоми чанд моҳ таҳқиқ кардааст. Дар ин тафтишот инчунин полиси Аврупо ва мақомоти ҳифзи қонуни  кишварҳои Ҳолланд, Шведсия, Австралия, ИМА ва Канада иштирок кардаанд. Тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки ин вебсайт аз соли 2019 ба ин сӯ фаъол будааст.

Корбарони ин вебсайти пинҳонӣ педофил ё бачабозҳо аз саросари ҷаҳон буда бо тамошои саҳнаҳои равобити ҷинсӣ бо кӯдакону хурдсолон, аксар писарбачаҳо саргарм мешуданд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки дар миёни аксу видеоҳо саҳнаҳои бисёр даҳшатноки озори ҷинсии кӯдакон пайдо шудаанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.