Олмон, Суед ва Лаҳистон дипломатҳои Русияро ихроҷ мекунанд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Се кишвари урупоӣ ба Русия вокуниш нишон дода, дипломатҳои русро ихроҷ мекунанд. 

  •  Нахуст Вазорати корҳои хориҷии Олмон  яке аз кормандони сафорати Русия дар Берлинро персона нон грата эълон кард. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар шарҳи ин қарор таъкид кард, ки ин қадам вокуниши ҳукумати Олмон ба ихроҷи яке аз кормандони сафорати Олмон дар Маскав ва дипломатҳои дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст.
  • Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон  тасмими Маскавро ҷиҳати ихроҷи дипломатҳои аврупоӣ “беасос” номид ва қайд кард, ки дипломати олмонӣ дар тазоҳуроти Маскав ҳузур дошт, то “бо вазъ дар маҳал шинос шавад” ва ин амали ӯ  бар Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ асос ёфтааст.
  • Вазири корҳои хориҷии Суед (Шветсия) Анн Линде хабар дод, ки сафири Русия дар бораи ихроҷи яке аз кормандони сафорати Русия аз Суед хабардор шудааст. “Ин посухи возеҳ ба қарори ғайри қобили қабул дар бораи ихроҷи дипломати Суед аст, ки танҳо вазифаи худро иҷро мекард” ,- навиштааст ӯ.
  • Гуфта мешавад Лаҳистон низ айни ҳамин қарорро қабул кардааст. Ҳар се кишвар ҳам бинобар назокатҳои дипломосӣ аз ихроҷшудаҳо ном набурдаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд рӯз пештар Парлумони Аврупо тасмими Русия дар бораи ихроҷи дипломатҳои Олмон, Лаҳистон ва Суедро  маҳкум карда буд.
  • Ёдовар мешавем, ки 5-уми  феврал Вазорати корҳои хориҷии Русия се корманди намояндагиҳои дипломатии Олмон, Лаҳистон ва Суедроо ба ширкат дар тазоҳуроти густардаи 23 январ дар Русия айбдор карда, талаб кард, ки аз кишвар хориҷ бишаванд.

The post Олмон, Суед ва Лаҳистон дипломатҳои Русияро ихроҷ мекунанд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.