Олмону Фаронса барномаи эмкуниро суръат бахшиданд 

Дар Олмон нахустин маркази эмкунии нирӯҳои мусаллаҳ кори 24-соатаро шурӯъ кард ва дар Фаронса рӯзи якшанбеи Иди Пок дар варзишгоҳи марказӣ эмкунии 9 ҳазор нафар аз COVID-19 ба роҳ монда шуд. Вазорати дифои Олмон гуфт, ки барои таъмини кори бетанаффуси маркази нави эмкунӣ дар шаҳри Лебах 110 сарбоз сафарбар шудааст. Дигар марказҳои эмкунӣ ҳам дар рӯзҳои ид кор карданд. Дар Фаронса мақомот талош доранд, ки эмкунӣ босуръаттар пеш равад, аз ин рӯ бетанаффус кор мекунанд ва мардуми зиёд  барои гирифтани воксина навбат мепоянд. Дар муқоиса бо моҳи декабр, ҳоло талошҳо барои таъмини мардум бо воксина хеле беҳтар ба роҳ монда шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.