Омӯзгоре дар Рӯшон барои нақзи қонуни танзим муҷозот шуд

Дар Тоҷикистон як омӯзгори мактаби миёнаро   барои вайрон кардани  қонуни баҳсбарангези танзими расму оинҳо ҷарима кардаанд.  Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки  омӯзгори мактабе дар ноҳияи Рӯшон    зодрӯзашро дар ҳалқаи 45 меҳмон, ки аксарият ҳамкоронаш будаанд,  дар ошхона ҷашн гирифтааст. Ҳамчунин ба ин маърака овозхонро даъват кардаанд, ки, ба қавли додситонӣ, низ нақзи қонун маҳсуб меёбад. Дар натиҷа, бо қарори додгоҳ  омӯзгор ва сароянда  ҷарима шуданд. Ҳамчунин  додситонии ноҳияи Рӯшон ба    шӯъбаи маориф барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори мактаб ва муаллимоне, ки дар ҷашни зодрӯз ширкат доштанд, санаде  фиристодааст.  Қонуни танзими ҷашну маросимҳо яке аз пурбаҳстарин қонунҳои солҳои охир дар Тоҷикистон аст, чун, ба қавли мунаққидон, озодиҳои инсонро маҳдуд карда, ба ҳаёти маишиву хусусии сокинон дахолат мекунад. Ин қонун, аз ҷумла, ташкилу баргузории  зодрӯзҳоро танҳо дар доираи оила иҷоза додааст, дар ҳоле, ки бисёриҳо ин муқарраротро ноодилона меҳисобанд ва мегӯянд, муҷозоти мақомот айши онҳоро талх мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.