Омӯзгореро дар Узбекистон барои баҳои “ду” латту кӯб карданд

Шоҳнур Оққузиев, омӯзгори забони англисии мактаби 134 ноҳияи Чиракчини Узбекистонро бародарони як хонанда барои баҳои “ду” латту кӯб карданд.

Омӯзгори латукӯбшуда дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 6 апрел рух дод. Оққузиев гуфт, ки ба вай се бародари як хонандааш ҳамла кардаанд.

“Рӯзи 6 апрел ба хонандагони синфи 6 дарс медодам. Ба 7 хонанда, ки ба дарс омода набуданд, баҳои “ду” гузоштам. Яке аз хонандагон бо нишони норизоӣ аз синф берун шуд. Баъди дарс аз синф берун шудам, ки ҳамон хонанда маро мунтазир аст. Гуфт, бародарам шуморо интизор аст. Ман рафтам, се нафар буданд ва ногаҳон ба ман ҳамла карданд. Ман аз ҳуш рафтам”, – гуфт Шоҳнур Оққузиев.

Мақомоти маорифи ноҳияи Чирак аз рӯи ин ҳодиса тафтишро шуруъ кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.