Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ: Мутахассисони бахшҳои омори Кӯлоб ва Бохтар аз курсҳои омӯзишӣ мегузаранд

ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба  маъракаи  барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз 1 то 15  октябри соли равон дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб барои сардорони раёсату бахшҳои агентии омор ва мутахассисони барӯйхатгирии аҳолии онҳо омӯзиш гузаронида шуд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давраи омӯзиш  бо дастгирии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Лоиҳаи «Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. Дар маҷмӯъ, 70 нафар мутахассисони сатҳҳои гуногун, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатии омор давраи доираи омӯзиш таълим мегиранд. Ҳадафи омӯзиши кормандони бахшҳои агентии омор ва мутахассисони онҳо, таҳия намудани нақшаи ташкилии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мебошад.

Лоиҳаи «Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон» аз дастгирӣ намудани Агентии омор дар ҷамъоварӣ ва тасниф кардани маълумотҳои демографӣ дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо дар раванди банақшагирии дарозмуддат, омода намудани буҷа дар ҳама сатҳҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории минтақавӣ мебошад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.