Омор: Ҳар рӯз 161 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардааст

Тибқи омори нашрнамудаи Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2020 ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 161 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ба ҳамин тартиб, аз моҳи январ то сентябр  имсол аллакай 44 ҳазору 389 зодаи Тоҷикистон шиносномаи Русияро соҳиб шудаанд. Дар ин бора матбуоти русӣ хабар медиҳад. 

 Дар умум, имсол ба 450 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русия дода шудааст ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон дар ҷойи аввал меистанд. Соли ҷорӣ  беш аз 29 ҳазор зодаи Қазоқистон, зиёда аз 14  ҳазор зодаи Ӯзбекистон, наздики 8 ҳазор қирғизистонӣ ва  1368 зодаи Туркманистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳамчунин бар пояи омори нашршуда дар 9 моҳи соли 2020 – 1 миллиону 490 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар қайди идораҳои муҳоҷират буда, 24 ҳазору 333 зодаи Тоҷикистон бо санади иҷозати иқомаи муваққатӣ ва 39 ҳазору 68 нафар ҳаққи иқомат  гирифтанд.  Ба гуфтаи коршиносон, сол то сол шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо хонаводаҳояшон барои зиндагӣ Русияро интихоб мекунанд, бештар мешаванд. Дар умум беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ  ва иқтисодии кишвар  аст. Аз  миёни ҳазорон нафаре, ки ҳар сол барои кор ба Русия мераванд, садҳо нафар ҳалок мешаванд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.