OPEC+ истеҳсоли нафтро афзоиш медиҳад

OPEC+ ё кишварҳои  содиркунандаи  нафт, ки Арабистони Саудӣ ва Русия калонтарини онҳо мебошанд, ба қароре расиданд, ки дар моҳҳои баъдӣ тадриҷан истеҳсоли нафтро афзоиш медиҳанд. Дар ҷаласае, ки 1-уми апрел баргузор шуд, кишварҳои узви ин созмон “пешрафт дар қабули воксинаву кӯмакҳои ҳукуматҳои калидӣ ба иқтисодашон”-ро ҳамчун нишонаҳои афзоиши талабот ба нафт дар давраи баъди пандемияи  моҳҳои оянда таъкид карданд.

OPEC+ танзими нарху ҳаҷми истеҳсоли нафтро ба ӯҳда дорад ва дар давраи пандемияи коронавирус тасмимаш ин шуд, ки ба хотири коҳиши талабот ба нафт рӯзона 7 миллион бушка нафт камтар истеҳсол шавад. Вазорати энергетикаи Қазоқистон гуфт, ки бар асоси қарори ахири аъзои ин гурӯҳ, дар ду моҳи баъдӣ ҳаҷми истеҳсоли нафт дар кишварҳои узви ин гурӯҳ 350 ҳазор бушка дар рӯз ва дар моҳи июл рӯзона то 450 ҳазор бушка  афзоиш дода мешавад.

Вазири нафти Эрон Бижан Зангане тасдиқ кард, ки  ин гурӯҳ тасмим гирифт то моҳи июл афзоиши рӯзонаи истеҳсоли нафтро дар маҷмӯъ 1,2 миллион бушка зиёд кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.