Ориёно Саид: Толибон душмани зан ва мусиқӣ ҳастанд. ВИДЕО

Ориёно Саид, ҳунарманди шинохтаи афғонистонӣ, ки пас аз вуруди Толибон ба Кобул аз Афғонистон фирор кард, мегӯяд, ин гуруҳ ҳукуматеро ташкил кардан мехоҳанд, ки зидди занон ва мусиқӣ амал мекунад.

Пештар Толибон гуфтанд, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром мегузоранд, вале ба овозхонии занон ва кори онҳо дар сатҳи баланди ҳукумат иҷоза намедиҳанд. Онҳо пешниҳод карданд, ки овозхонҳо дар Афғонистон касбашонро дигар кунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ориёно Саид мегӯяд, агар аз Афғонистон фирор намекард, Толибон ӯро қатл мекарданд.

Ӯ гуфт, таблиғи Толибон ин аст, ки зан бояд ҳамсар шавад ва дар хона бимонад. Ӯ гуфт: “Чӣ тавр як ҷомеа метавонад бидуни мусиқӣ пеш равад. Намефаҳмам, ки дар Афғонистон мо дини исломро аксаран ё бар зиди занон ва ё бар зидди мусиқӣ истифода мекунанд. Чаро ба зану мусиқӣ душманӣ мекунанд? Кишварҳои дигари исломӣ дар дунё чунин нестанд. Дар Арабистони Саудӣ ва Эрон мусиқӣ вуҷуд дорад”,–гуфт ӯ.

Толибон рӯзи 15-уми август Кобулро бе ҷанг тасарруф карданд. Ҳазорон нафар аз ҳунармандон ва фаъолон аз тарси Толибон талош карданд, ки ба хориҷ фирор кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.