Ормонҳои амалишуда? Андешаҳои Раҷаби Мирзо дар бораи 30 солагии ҲДТ, ки таҷлил нашуд

“Мардуми пурсабру тоқати Тоҷикистон! Бӯҳрони шадиде, ки ҳамаи ҷабҳаҳои ҷомеаро фаро гирифтааст, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳукмфармоии системаи тоталитарии бюрократӣ  – фармондеҳӣ мебошад, ки дар зери ниқоби сусиёлизм озодию падидаҳои демократиро таъқиб менамуд, қатлу ҷазодиҳии одамони озодфикрро пеш гирифта буд, халқҳоро ба соҳибмаърифату бемаърифат, қаҳрамону хоин, кабиру сағир ҷудо менамуд, сиёсати зӯран омехтани миллатҳоро ба амал мебаровард. Иқтисодиёт аз бори гарони системаи маъмурию бюрократӣ футур рафт ва имрӯз маълум гашт, ки дараҷаи зиндагонии мардуми шӯравӣ, алалхусус Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳое, ки чун мо дар ибтидои қарни ХХ қафомонда буданд, хеле паст аст”
(Аз муроҷиатномаи Анҷумани ҲДТ ба мардуми кишвар)

 

Асноди гумшуда

Тобистони соли 2006 ҳамроҳ бо роҳбарияти Ҳизби демократи Тоҷикистон зуд – зуд ба дидорбинии журналисти шинохта, яке аз асосгузорони ин нерӯи сиёсӣ Имомназари Холназар мерафтем. Бемории қанд дошт ва роҳ гаштанаш душвор буд. Дар яке аз ҳамин гуна аёдатҳо, ки ҳамроҳамон муовини аввали раиси ҳизб равоншод Ҷумъабой Ниёзов, муовини дигар Раҳматулло Валиев, раиси дастгоҳи ҳизб Темур Тошев ва чанде аз фаъолон ҳам ҳузур доштанд, Имомназари Холназар ҳарчанд сахт бемор буд, аз ҷогаҳ баланд шуду ба хонаи дигар рафта, бо як даста ҳуҷҷатҳои зардшуда баргашт ва гуфт:

Имомназари Холназар

–     Ин ҳуҷҷатҳои аввалини ҲДТ аст, ки дар Вазорати адлияи СССР дар Маскав сабти ном шудаанд. Ҳуҷҷати сабти номи ҳизб ва нашрияи “Адолат”. Солҳои тӯлонӣ дар дасти ман буданд ва намедонистам, ки онҳоро ба кӣ бовар кунам. Ҳоло бо ҳузури ҳамаи Шумо онҳоро ба Раҷаб медиҳам. Ба ӯ эътимод дорам.

Ба идораи ҲДТ баргаштем. Тасмим ин шуд, ки ин ҳуҷҷатҳои нодир дар бойгонии ҳизб ҳифз шаванд. Чун тасмими аксарият буд, бо дили нохоҳам розӣ шудам. То ҳанӯз афсӯс мехӯрам, ки чаро ин асноди таърихиро бо худ нагирифтам…

30 солагии “фаромӯшшуда”

11 августи ҳамин сол ба раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода занг задам. Чун рӯзе пас аз зодрӯзам буд, боз ҳам табрикам намуд. Аммо барои ӯ шояд ногаҳонӣ, пурсидам, ки оё 10 август чорабиние баргузор карда буданд ва шояд мо бехабар мондем?

На, ин ҷо сухан аз зодрӯзи инҷониб набуд. Гап сари санаи таъсиси ҲДТ мерафт, ки ба сифати аввалин нерӯи сиёсии алтернативӣ дар муқобили Ҳизби коммунисти ҳукмрон 10 августи соли 1990 таъсис ёфта буд ва инак 30 солагии худро бояд таҷлил мекард.

Усмонзода бо таассуф гуфт, ки маъракае баргузор накардаанд. Ёдам омад, ки 25 – солагии ҳизб ҳам дар соли 2015 таҷлил нагашта буд. Усмонзода он замон ҳам гуфта буд, ки аъзои ҳизбро дар алоҳидагӣ табрик хоҳад кард. Дар натиҷа, ҲДТ ягона адабиёти таърихие дорад, китобест, ки соли 2000 –ум бахшида ба 10 солагии таъсисаш Абдунабӣ Сатторзода ҷамъоварӣ намудааст…

Пас аз гуфтугузорҳое бо раиси нави ҲДТ дар ин бора, ки ин нерӯи сиёсӣ ҷойгоҳи хос дар истиқлолияти кишвар доштаву барои он талош намудааст, ӯ хулоса кард, ки дар анҷумани пешазинтихоботиашон як қисматро ба 30 солагии ҳизб хоҳанд бахшид.

Воқеан, август барои ин ҳизб ҳам моҳест, ки воқеоти мусбат манфӣ дорад:

–          10 август мавлуди раиси аввалини ҲДТ Шодмон Юсуф аст, ки дар ҳамон рӯз анҷумани муассисонро дар соли 1990 баргузор карданд;

–          Яке аз шахсиятҳои калидиву машҳури ҳизб Аслиддин Соҳибназаров, агар чанд сол қабл реҳлат намекард, 9 августи имсол 81 солагии худро таҷлил менамуд;

–          2 августи соли 2005 мурофиаи судии раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Суди Олии Тоҷикистон оғоз ёфту 5 октябр ӯро барои 23 сол ба зиндон фиристоданд.

Вақте ман ба ҲДТ пайвастам…

Пас аз ба маҳбас афтодани Искандаров дар соли 2005, ҳарчанд фазои сиёсӣ то ҳадди рӯзҳои мо якрангу якнавохт набуд, аммо маълум буд, ки ҲДТ мавқеи пешинаи худро гум кардааст. Шахсмеҳварӣ як мушкили аҳзоби ба нерӯи сиёсӣ монанди он замон буд. Пеш аз ин “ҳуҷумҳое” ба Қувват Султон сурат гирифт ва ахиран муовинаш дар ҳизб Рустам Файзиевро боздошт карданд (дертар дар зиндон даргузашт).

Интихоботи парлумонии соли 2005 низ ҳамон хеле анҷом ёфт, ки барои ҳукумат писанд буд. Талошҳоям барои боқӣ мондан дар муҳити журналистӣ пас аз чоп бозмондани нашрияи мустақили “Рӯзи нав” он вақт бесамар анҷом меёфтанд. Ҳамкоронам мегуфтанд, ки “бо сабабҳои маълум” маро ба кор гирифта наметавонанд. Охирин талошамон бо Хуршед Атовулло дар бораи ташкил намудани як нашрияи тиҷоратӣ таҳти унвони “Реклама – сервис” дар ибтидои соли 2006 нимкора монд: чопхонаи “Шарқи озод” танҳо як шумораи онро чоп карду дигар бе ҳеч сабаб аз нашраш худдорӣ намуд (баъдан маҳз ин нашрия боис ба майдони матбуот омадани Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён (С. Дӯстов) гардид).

  Роҳи дигаре ҷуз ин намонда буд, ки бояд мавқеъгирии сиёсиамро равшан мекардам. Дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз номи ҲСДТ номзад будам, аммо ахиран хулоса кардам, ки аҳдофу барномаҳои ҲДТ бароям наздиктаранд.

На танҳо барои он ки санаи таваллуди ману ин ҳизб як аст. Ҳамчунин солҳои 90 маҳз андешаву матлабҳои асосгузорони ҲДТ барои пайдо шудани озодфикрӣ дар зеҳнияти ману насли мо корсоз гаштанд ва он ҳам дар натиҷаи мушкилоти бисёр ҷиддӣ…

Аввал онҳо 180 нафар буданд

Дар зеҳниятсозиву худшиносии тоҷикон саҳми асосиро, бегуфтугӯ созмони “Растохез” – и Тоҳири Абдуҷаббор бозидааст. Аммо пас аз воқеаҳои февралии соли 1990 бархе равшанфикрон аз тарси фишори ҳукумат қарор гирифтанашон, аз ин созмон фосила гирифтанд ва ё аз сафҳои он хориҷ шуданд.

Шарофиддин Имомов, муовини вақти раиси “Растохез” дар китоби худ «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» зикр кардааст, як идда аъзои садорати ин созмон, аз ҷумла Таваралӣ Зиёев, Сафари Мастонзод ва чанд аъзои раёсати он – Раҳими Мусулмониён, Фотеҳ Абдулло созмони мазкурро тарк карданд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла Зиёев ва Мусулмониён дертар бо Шодмон Юсуф ҳамроҳ шуданд, то Ҳизби демократро таъсис бидиҳанд.

Нахустин бор дар бораи таъсиси чунин як ҳизб ба таври расмӣ хабарҳо дар ибтидои тобистони соли 1990 нашр гардидааст, ки манбаи аслии онҳо корманди шӯъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон Шодмон Юсуф (он вақт Юсупов) буд. Аммо ӯ то ин вақт дар ҷомеа шахсияти чандон шинохта набуд. Ҳарчанд охири солҳои 80-ум ӯ худро ба сифати ҷонибдори фарҳангу забони тоҷикӣ муаррифӣ мекард. Баъдан, дар як матлаби худ дар «Ҷавонони Тоҷикистон» мавқеи сиёсиашро муайян намуда, худро ба ҳайси як мухолифи шадиди Ҳизби коммунист муаррифӣ кард.

 Азбаски Шодмон Юсуф аз фаъолони “Растохез” набуд, аз лиҳози қонунӣ маҳдудияте барои созмон додани як ҳизби сиёсӣ надошт. Мушкил танҳо вазъияти сиёсӣ буд, яъне дар Душанбе пас аз ҳодисаҳои февралии соли 1990 вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ амал мекард.

Тибқи қонун дар чунин шароит озодиҳои шаҳрвандӣ маҳдуд мешаванд. Барои бисёриҳо ғайримунтазира, моҳи апрели соли 1990 Шодмон Юсуф гурӯснанишинии сиёсӣ эълон карда, дар пеши роҳбарияти Тоҷикистон чанд шарт гузошт. Ин гурӯснанишинӣ номи ӯро на танҳо дар ҷомеаи тоҷик, балки берун аз он низ муаррифӣ кард ва дар натиҷа, ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба хабарсозтарин шахсият дар Тоҷикистон мубаддал гашт.  То ин вақт танҳо М. Мирраҳимов баъди чопи матлаби «То ба кай об аз таги ях меравад» ва Тоҳири Абдуҷаббор дар замони мубориза барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ шахсиятҳои шинохта ва фикрзо ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳамин тариқ, шурӯъ аз оғози тобистони соли 1990 Шодмон Юсуф идеяи таъсис додани Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар расонаҳои хабарӣ тарғибу ташвиқ кард. Яке аз нахустин изҳоротҳои Ҳизби демократ эълони таҳрими бақои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки бояд дар референдуми рӯзи 17-уми марти соли 1990 баррасӣ мегардид.

 

Дар анҷумани таъсисотии ҲДТ, ки 10 августи соли 1990 баргузор шуд, дар баробари Шодмон Юсуф ҳамчунин шахсиятҳои таъсиргузоре чун Ҷумъабой Ниёзов- дотсенти филиали Донишкадаи полтехникии Тоҷикистон дар Ленинобод (Суғди имрӯза), Виктор Терлетский-мудири лабораторияи заводи шаҳри Чкалов, Шамсиддин Собиров, муаллими Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Маҳмадалӣ Саидов, корманди Академияи улуми Тоҷикистон, Раҷаб Сафар аз шаҳри Норак, Аламшо Зиёев, муаллими филиали Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар Қӯрғонтеппа, Пӯлоди Абӯбакр, омӯзгор аз ноҳияи Ленин, Додарбек Сафаров, муҳосиб, ветерани ҷангу меҳнат аз ноҳияи Коммунистӣ (Бохтари баъдӣ), Бозор Собир, шоир, депутати  халқи Тоҷикистон, Ҳабибулло Абдураззоқ, Раиси правленияи Ҷамъияти ходимони театри Тоҷикистон, Маризо Халифаев, корманди комсомол аз ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), Александр Родинов, муҳандис аз шаҳри Қайроқум, Абдунабӣ Сатторов, доктори илми филология, профессори ДДТ, Мирзомуддин Аслонзода, муаллим аз ноҳияи Комсомолобод (Нуробод), Рустам Файзиев, омӯзгор аз шаҳри Ӯротеппа, Тоҳири Абдуҷаббор, Раиси созмони “Растохез”, Давлат Худоназар-раиси Правленияи Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон, депутати халқи ИҶШС, Қаноатшои Ҳикматёр- сокини шаҳри Душанбе, Дилбар Садруллина-омӯзгор аз шаҳри Ленинобод, Ҷумъахон Исоев, раиси маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ”, Иброҳим Абдуҷаббор- корманди Иттифоқи матлуботи вилояти Қӯрғонтеппа суханронӣ намуданд.  Дар маърака намояндагони ҷамоҳири Ӯзбекистон, Латвия, Қирғизистон, мудири шӯъбаи идеологияи кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе Салоҳиддинов иштирок намуда, таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро табрик гуфтанд.

Дар ин Конфронс ниҳодҳои роҳбарии ҲДТ ташкил шуданд, ки бояд то Анҷумани нахустини он амал мекард. Шодмон Юсуф раиси ҲДТ, профессор Раҳими Мусулмониён, Абдуллоҷон Очилов ҷонишини шӯъбаи Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ, Виктор Терлетский депутати Шӯрои шаҳрӣ аз шаҳри Чкалов ва журналист Имомназар Холназар муовинҳои ӯ интихоб шуданд.

Қарор шуд, ки анҷумани нахустин дар моҳҳои ноябр-декабр баргузор шавад. Дар Эъломия дар бораи таъсис ёфтани Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфта мешуд, ки “бо мақсади ба вуҷуд овардани ҷомеаи комилан демократӣ, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ва мусоидат намудан ба рафъи бӯҳрони сиёсии иқтисодии ҷомеа  мо 180 нафар намояндагони гурӯҳҳои демократии ҷумҳурӣ Ҳизби демократи Тоҷикистонро таъсис додем”

Муроҷиатномае, ки ин анҷуман қабул намуд, дар он шабу рӯз бисёр “сахт” ва ҷиддӣ буд:

“Мардуми пурсабру тоқати Тоҷикистон! Бӯҳрони шадиде, ки ҳамаи ҷабҳаҳои ҷомеаро фаро гирифтааст, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳукмфармоии системаи тоталитарии бюрократӣ  – фармондеҳӣ мебошад, ки дар зери ниқоби сусиёлизм озодию падидаҳои демократиро таъқиб менамуд, қатлу ҷазодиҳии одамони озодфикрро пеш гирифта буд, халқҳоро ба соҳибмаърифату бемаърифат, қаҳрамону хоин, кабиру сағир ҷудо менамуд, сиёсати зӯран омехтани миллатҳоро ба амал мебаровард. Иқтисодиёт аз бори гарони системаи маъмурию бюрократӣ футур рафт ва имрӯз маълум гашт, ки дараҷаи зиндагонии мардуми шӯравӣ, алалхусус Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳое, ки чун мо дар ибтидои қарни ХХ қафомонда буданд, хеле паст аст”.

Дар муроҷиатнома қотеъона изҳор мешуд, ки “сабаби ҳамаи ин системаи яккаҳизбии авторитарӣ будааст ва Ҳизби коммунист илҳомбахшу раҳнамои чунин системаи нораво буд, аз ин рӯ, он ба ислоҳи саривақтии саҳву хатоҳо имкон намедиҳад”.

 Бар илова, фаъолияти парлумони Тоҷикистонро шадидан интиқод намуда, онро барои моликияти миллии халқи тоҷик эълон накардани корхонаи алюминӣ, заводҳои химиявии Ёвону Вахш, корхонаи арматур ва яхдонсозии шаҳри Душанбе ва ғ. “ғуломи ҳарқабаргӯш” меномад.

Баъдан дар таърихи 1-2-юми декабри соли 1990 дар бинои Театри русии ба номи Маяковский даври якуми Анҷумани 1 –уми ҲДТ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ҳизб, ки дар конфроси таъсисотӣ интихоб шуданд, боқӣ монданд. Моҳи январи соли 1991 даври дуюми анҷуман баргузор гардид.

Аз фаъолияти хотирмони ҲДТ дар соли 1991 ин буд, ки моҳи феврал дар толори Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ маҷлиси ёдбуд бахшида ба қурбониёни баҳманмоҳи соли 1990 баргузор намуд. Дар охири нишаст онҳо изҳороти хоса қабул намуда, аз ҷумла талаб карданд, ки хиёбони Путовский “Шаҳидон” номгузорӣ шавад ва ҳар сол 12-уми феврал – Рӯзи Мотам эълон гардад.

То ин замон Имомназари Холназар нашрияи шахсии “Адолат” –ро таъсис дода, онро дар ихтиёри ҳизб гузошт. Баъдан дар сӯҳбатҳо бо инҷониб равоншод таъкид намуд, ки ягона шарташ пеши раҳбарияти ҲДТ ин буд, ки ба сиёсати редаксионии нашрия касе кордор намешавад ва то соли 1992 чунин ҳам будааст. Дар ҳайати “Адолат” журналистони шинохтае чун Додоҷони Атовулло ҳамчун ноиби сардабир, Саидқосими Қиёмпур – котиби масъул, хабарнигорон Мирзои Салимпур, Зулфиқори Исмоилиён, Сабзалӣ Муродов, Дориюши Раҷабиён гирди ҳам омада буданд, ки дар муаррифии ҳизб ва ормонҳои он нақши таъсиргузор доштанд.

Ихтилофҳо дар ҲДТ

Моҳи феврали соли 2006 созмони ҲДТ дар пойтахт конфронси ҳизбии худро баргузор намуд. Инҷониб нав ба сафи ин ҳизб пайваста будам ва шинохти дурусте аз аъзои он надоштам. Дар ҷамъомад номзадии маро ба раисии созмон пешбарӣ намуданд. Дар ин баробар, кадоме номзадии Масъуд Собировро пешниҳод намуд, аммо ӯ овози зарурӣ нагирифт. Баъдтар маълум шуд, ки ин нафар ҳич гоҳ аъзои ҲДТ набудааст ва бо машварати як генерали ҳукумат, ки дертар кушта шуд, ба сафи ҲДТ пайвастанӣ будаву ҳамин тавр роҳбарии созмони душанбегиро ба зиммааш гирифтанӣ. Тибқи Оинномаи ҲДТ созмони душанбегӣ ҳаққи даъвати анҷумани фавқулоддаро дошт.

 Ҳадаф ин буда, ки бо омадан ба созмони пойтахт анҷуман даъват намоянду раиси ҳизб – Искандаровро, ки дар маҳбас буд, аз раисӣ барканор ва ҳамин тавр дар ҳамаи зинаҳо “одамони худӣ” –ро “интихоб”. Ин сенария амалӣ нашуд.

Моҳи апрел онҳо бо чанд нафар даъвои ташкили фраксия дар дохили ҳизбро намуданд. ҲДТ ягона нерӯи сиёсӣ буд, ки аз ибтидо ташкил кардани фраксияро иҷозат медод ва он унсури демократии ҳизбро маънидод мекард. Аммо таъсиси фраксия талаботи хос дошт. Аз ин ҷо буд, ки “анҷумани” ин “фраксия” дар моҳи августи соли 2006 аз ҷониби вазорати адлия пазируфта нашуд. КМИР ҳам эълон намуд, ки дар интихоботи президентии он сол “ҷиноҳи Искандаров” ҳаққи иштирок дорад. Танҳо пас аз анҷумани пешазинтихоботии ҲДТ, ки интихоботро таҳрим эълон намуд, ҳам вазорати адлия ва ҳам Комиссияи марказии интихобот “қарори дигар” баровардаву иштироки “ҷиноҳи Собиров” –ро ба интихобот “қонунӣ” хонд.

Андактар байни “раҳбарони нав” – М. Собиров ва С. Усмонов ҳам ихтилофи назар пеш омад ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Ин ихтилоф танҳо соли 2012 бо муттаҳидшавии “ҷиноҳи Искандаров” ва бо гурӯҳи Усмонов бартараф гардид. Пеш аз оне, ки ин иттифоқ ҷанбаи қонунӣ бигирад, раёсати созмони ҲДТ дар Душанбе ва фаъолони онро ҷамъ овардам, ки дар он Саидҷаъфар Усмонов ҳам ҳузур дошт.

Масъуд Собиров

Гуфтам, ки ҳизб бо омадани ман ба мушкил гирифтор шуд. Инак аз нав ба ҳизб ҷомаи расмӣ хоҳем дод, аммо аз ин пас ман канор меравам. Аз ман хоҳиш шуд, ки то як муддат бо онҳо бошам. Аммо дар анҷумани пешазинтихоботӣ барои президентӣ дар соли 2013 ман эҳсос кардам, ки ҳузурам иштибоҳ аст. Аз анҷуман бадар шудам ва ҳамаи намояндаҳои “ҷиноҳи Искандаров” аз думболи ман толорро тарк карданд. Аз ҷумла, Мамлакат Ҷайчиева, ки аз асосгузорони ҲДТ ба ҳисоб мерафту Усмонзода ӯро ба сифати муовини худ пазируфта буд…

Бояд гуфт, “фраксияи дохилиҳизбӣ” аз ибтидои фаъолият ба ҲДТ мушкил пеш овардааст. Ҳанӯз моҳи феврали соли 1992 ду нафар узви Садорати он Абдулло Очилов ва Мирзо Самиев тариқи ТВ ҳукуматӣ суханронӣ намуда, аз амалкардҳои Шодмон Юсуф эътироз намуданд. Садорати ҲДТ инро баррасӣ карда, ҳардуро аз сафи ҳизб ронд ва ба ҷои онҳо афроди машҳуре чун Аслиддин Соҳибназаров, Ойниҳол Бобоназарова ба ҳизб пайвастанд…

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҲДТ талафоти калоне дид. Як қисми аъзо ва роҳбаронаш дар мисоли Ҷумъабой Ниёзов, Файзулло Файзиев, Саидшо Акрамов, Айниддин Содиқов, Муллобек Файзиев, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ойниҳол Бобоназарова, Бозор Собир ва дигарон зиндонӣ шуданд. Баъзеи дигар, аз ҷумла, Шамсиддин Собиров, Салимбой Тағоев, Одилбек Ятимов, Айниддин Содиқов, Олими Заробек кушта гардиданд.

Бовуҷуд, пас фирори нерӯҳои мухолиф аз мамлакат, Шодмон Юсуф сар аз соли 1993 ва баъдан чандин изҳороти зидду нақиз пахш мекард. Ин изҳоротҳо на танҳо ба муқобили ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, балки ба муқобили муттаҳиддини худи ӯву ҳизби ӯ, Ҳизби наҳзати исломӣ низ равона шуда буданд. Аз ҷумла, боре навишт, ки ҳангоми сафари Афғонистон ва дидор аз урдугоҳҳои мухолифини Тоҷикистон ва ширкат дар ҷаласаи сарони оппозитсия дарк кардааст, ки назари ӯ бо мавқеъи ин ҳизби динӣ на танҳо якранг нест, балки дар мухолифатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, идеологӣ ва фарҳанги шадид қарор доштааст. Илова ба ин, гуфт, ки роҳбарони ҲНИТ, алалхус Саид Абдулло Нурӣ дар фикри барҳам додани Ҳизби демократ буд. Дар ин «Нома ба дӯст» Ш. Юсуф эълон медорад, ки демократҳо мухолифи низоми исломӣ дар Тоҷикистон буданду ҳастанд, аз ин рӯ, мондани ӯ дар Афғонистон метавонист  мӯҷиби пирӯзии исломи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бишавад. Маҳз ба ҳамин сабаб, ӯ дар як номааш ба Нурӣ гуфтааст, ки аз тамоми вазифаҳое, ки бидуни раъйи худаш шомил гардида буд, берун меравад ва аз пайи барқарор кардани сулҳ бо тарафи аслии ҷанги Тоҷикистон, яъне Русия мешавад.

Дертар, 20-уми декабри соли 1993,  Шодмон Юсуф дар изҳороти дигари худ эълон дошт:

“Ҳеҷ гуна гуфтушунид бо режими Раҳмонов қобили қабул нест…Дар натиҷаи ҷиноятҳои ҳарбии ин режим 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикисон кушта шуданд. Ҳазорон нафар ҷонибдорони Ҳизби демократ ва ҷонибдоронаш аз ҳисоби оппозитсияи демократӣ ҳоло дар зиндонҳо ва лагерҳои махсуси консентратсионӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Бештар аз як миллион шаҳрвандон гуреза шуданд, иқтисоди ҷумҳурӣ комилан фалаҷ гардидааст”.

Муаррих Нуралӣ Давлат, аз гузорише дар соли 1994 аз радиои оппозитсияи тоҷик, ки дар Афғонистон фаъол гардида буд, иқтибос меорад: замоне ки Шодмон Юсуф дар Теҳрон буд, бо сафирон ва намояндагони Русия алоқаи наздик дошт ва ӯ иддао мекард, ки “Эй бародарони русӣ, шумо мехоҳед, ки демократияро дар Русия ва минтақа барпо бисозед ва мо роҳбарони Ҳизби демократ ҳастем. Пас чаро шумо режими хунхори Сангак Сафарови ҷинояткорро ҷонибдорӣ кардеду моро не?” Русҳо ҷавоб медиҳанд, ки “Мо мехостем шуморо дар дохил ҷонибдорӣ кунем, вале шумо бо исломиҳо якҷоя будед, мо мехоҳем дар хориҷ шуморо кӯмак кунем, вале ҳоло ҳам зери контроли исломиҳо ҳастед. Шумо худро аз инҳо халос кунед, мо дар он ҳол метавонем ба шумо кӯмак кунем. Ш. Юсуф бори дигар ба фиреби душманонаш меафтад ва ин пешниҳодро қабул мекунад”.

Ҳарчӣ буд, ё не, 27-уми октябри соли 1994 Шодмон Юсуф, Бозор Собир ва Раҳим Мусулмониён зимни муроҷиатномае изҳор карданд, ки ба ҳукумати Раҳмонов хоҳанд пайваст. Дар натиҷа, гурӯҳе, ки аз ин мавқеи онҳо ҷонибдорӣ намекарданд, моҳи декабри соли 1994 Анҷумани фавқулоддаи ҲДТ-ро дар Алмато доир намуданд. Дар ин ҷамъомад тасмим гирифта шуд, ки ваколати Шодмон Юсуфро барои 6 моҳ боз доранд ва раисӣ ба ӯҳдаи Сатторзода вогузор шавад. Шарт ин буд, ки агар раиси пешин дар андешаҳояш таҷдиди назар ба вуҷуд наорад, ӯро аз курсии раисӣ барои ҳамеша маҳрум мекунанд. Раис ба анҷуман даъват шуда буд, вале ӯ аз ширкат дар он худдорӣ варзид.

Шодмон Юсуф на танҳо дидгоҳашро иваз накард, балки пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи моҳи ноябри соли 1994 табрик кард ва вайро “нури дурахшон” номид.

Дар назардошт бо ин, моҳи июни соли 1995 анҷумани дигаре дар Алмаато баргузор гардид ва Шодмон Юсуфро аз раисии ҲДТ барканор карда, Ҷумъабой Ниёзовро ба ҷои ӯ интихоб намуданд. Ба ҳайси муовинони ӯ – Абдунабӣ Сатторзода, Аслиддин Соҳибназар ва Абдуқодир Холиқзода интихоб шуда, ҲДТ боз ба оппозитсияи дар хориҷбуда пайваст. Аммо раиси собиқ талошҳояшро барои наздик шудан бо ҳукумат идома дода, баҳори соли 1995 бо шиносномаи хориҷие, ки сафорати Русия дар Теҳрон дода барояш дода буд, ба Маскав омад. Дар тӯли беш аз як моҳ бо собиқ ҳамсафонаш мулоқотҳо доир кард. Яке аз ҳамсафонаш Аъзам Афзалӣ ба Душанбе парвоз намуд, то иҷозати фаъолияти Ҳизби демократро дар Тоҷикистон бигирад. Тобистони соли 1995 Вазорати адлияи Тоҷикистон ҲДТ –ро таҳти сарварии Афзалӣ расман сабти ном кард ва ҳамин тариқ, ду фраксия пайдо шуд. Ин дар ҳоле, ки “фраксияи Алмаато” дар музокироти сулҳ таҳти раҳбарии Сатторзода ва Холиқназаров иштирок мекарданд.

Ҳамин тавр, ҲДТ, ки нуфузи қаблиаш дар таъини хатти машши сиёсии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро аз даст дода буд, ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. “Ҷиноҳи Алма-Ато” ба раҳбарии Ҷумъабой Ниёзов дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин боқӣ монд ва намояндагонаш дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон аз номи ин Иттиҳод ширкат мекарданд. “Ҷиноҳи Теҳрон”, ки дар пушташ Шодмон Юсуф истода буд, тавассути намояндааш Аъзам Афзалӣ бо ҳукумат ҳамоно гуфтушуниди худро дошт. Ин талоши ҷудоӣ соли 1997, бо имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин хунсо шуд, чунки ҳукумат бар асоси ин созишнома “ҷиноҳи Алма-Ато”-ро эътироф кард ва иҷозаи фаъолияти дубора дар Тоҷикистон дод, ки ба раҳбарии он баъдан Искандаров омад.

Пас аз ин, то интихоботи парлумонии соли 2000 ҲДТ ба сифати як нерӯи воҳид фаъолият дошт. Пас аз ин маърака Таваралӣ Зиёев, Ҳикматулло Саидов ва раҳматии Шариф Комил бо эътироз аз ҳизб рафтанд. Ҳикматулло Саидов дертар эълон намуд, ки Ҳизби “Ваҳдат” –ро таъсис хоҳад дод. Чанд конфронси таъсисотӣ ҳам баргузор кард, аммо онро сабти ном накарданд. Соли 2013 ӯ ба сафи ҲДТ –и Усмонзода пайваст. Аммо каме баъдтар Саидҷаъфар Усмонзода ӯву журналист Аҳмадшо Комилзодаро ба кӯшиши табаддулот дар ҳизб айбдор намуда, гуфт, ки аз сафи ҲДТ дур карда шудаанд. Вале дар анҷумани пеш аз интихоботии парлумонии соли 2020 онҳо боз ҳам дар сафи вакилон ва ҳатто номзадҳои ин ҳизб буданд…

ҲДТ акнун ҳизби парлумонӣ, аммо бетаъсир?

ҲДТ аз замони ташкил шуданаш дар соли 1990 мегуфт яке аз ҳадафҳояш ба ҳизби парлумонӣ табдил додани он аст. Ин кор ба онҳо то соли 2015 даст надод, ҳарчанд шахсият ва номзадҳои таъсиргузорро номзад мекарданд.

Ихтилофоти баамаломада дар дохили ҳизб ҳамеша аз сӯи таҳлилгарон сунъӣ арзёбӣ шуда, ба хотири кам кардани нуфузаш баҳогузорӣ мешавад. Бо омадани Саидҷаъфар Усмонзода ба раҳбарии ҲДТ дар доираҳои коршиносӣ ба ин назаранд, ки сафи ҳизбҳои гапдаро, ё “кисагӣ” –и ҳукумат афзоиш ёфт.

Гуфта мешавад вобаста ба ҳамин, Саидҷаъфар Усмонзода аз номи ҲДТ дар интихоботи президентии соли 2013 худро номзад кард ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи Фархор ва дар соли 2020 аз ҳавзаи ягона вакили парлумон шуд.

Сайҷаъфар Усмонзода

Усмонзода бошад дар сӯҳбат бо журналистон инро инкор карда, гуфтааст, ки ҲДТ акнун ба аксари ормонҳояш расид: “Як ҳадаф давлатӣ кардани забони тоҷикӣ буд, ки аллакай иҷро шуд. Ҳадафи асосии мо сохтани ҷомеаи демократӣ буд, ки ин ҳам иҷро шуд ва ҳоло дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ побарҷост.”

Собиқадорони ҳизб бошанд, назари дигар доранд ва ҳамин тавр дар арафаи 25 солагии ҳизб ба хабарнигорон гуфта буданд, ки дар асл ҲДТ кайҳо ҷойгоҳаш дар арсаи сиёсии Тоҷикистонро аз даст додаву пуштибонии ҷиддие дар байни мардум надошта, амалан ба як сояи дигари ҳизби ҳоким табдил ёфтааст…

Пагоҳ, 23 август дар анҷумани пешазинтихоботии ҲДТ маълум мегардад, ки онҳо аз гузаштаи ҳизб чиву киро ба хотир хоҳанд овард ва дар интихоботи президентӣ киро ба сифати номзад пешбарӣ мекунанд. Ба эҳтимол номзадашон мисли соли 2013 Саидҷаъфар Усмонзода аст.

Ҳоло бояд мунтазир шуд, ки ин номзад чӣ барномаеро пешниҳод мекунад ва оё ягон иддаои сиёсии ҷиддӣ хоҳад дошт, ё не?

Ба ҳар сурат, ин номзад метавонад ба як муаммои ҷолиби интихоботӣ табдил ёбад.

Чаро чунин хулоса метавонад ҷо дошта бошад?

Ба ин савол пас аз анҷуман гаштан имкон дорад…

Раҷаби Мирзо, Рӯзи нав  

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.